Ҳабибуллоҳмахдум Авҳадӣ
Ҳабибуллоҳмахдум Авҳадӣ | |
Номи пурра | Ҳабибуллоҳмахдум Авҳадӣ |
Зодгоҳ: | Бухоро |
Навъи фаъолият: | Шоир |
Ҳабибуллоҳмахдум Авҳадӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 19 – ибтидои асрии 20).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Бухоро таваллуд ёфта, дар ҳамин шаҳр таҳсил кардааст. Бино ба манбаъҳои адабӣ дар 17-солагӣ (1899 – 1900) дар радифи «Офтоб» шеъре гуфта, ба Садриддин Айнӣ тақдим намуд.
Фаъолияти эъҷодӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Садриддин Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» як шеъри ӯро ҷой додааст, ки дар пайравӣ ба Абулқосим Лоҳутӣ (ғазали «Инқилоби сурх») иншо шудааст. Дар тазкираҳо, баёзҳо ғазалиёт, рубоиҳои Авҳадӣ. сабт гардида, то замони мо расидаанд. Абёти зерин намунае аз эҷодиёти Авҳадӣ мебошанд: Гардад чӣ сон ба моҳи рухат ҳамсар офтоб, З-он рӯ, ки нест ҳамчу рухат дилбар офтоб. Аз шарми моҳи рӯи ту ҳар шом мекунад, Аз ҷомаи сиёҳ ба сар чодар офтоб… Умрест баҳри дидани моҳи узори ту, Созад гузар ба ҳар сари кӯю дар офтоб…
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Айнӣ С., Намунаи адабиёти тоҷик, Д., 2010.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.