Ҳабибулло Мирзоев
Ҳабибулло Холович Мирзоев | |
Таърихи таваллуд | 18 феврал 1962 (62 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Восеъ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи Кобул (Афғонистон) |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко |
Ҳабибулло Холович Мирзоев (18.02.1962, деҳаи Охҷари н. Восеъ) — олим, доктори илмҳои филологӣ (2013).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шуъбаи англисии факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) соли 1987 хатм карда, дар кафедраи забонҳои хориҷии ИДПК ба номи Рӯдакӣ ҳамчун ассистент ба фаъолият пардохт. Солҳои 1989-1993 дар аспирантураи ИДПД хонда, ба сифати муаллими калон ва мудирикафедраи савтиёт ва луғатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (1993-1995), таҷрибаомӯз ва муҳаққиқи Университети Сиетлии ИМА (1995-1996), мудири кафедраи тарҷума ва услубшиносӣ (1996-1998), декани факултаи забони англисӣ (1998-2000, 2005-2008), ҳамоҳангсоз ва тарҷумони лоиҳаҳои байналмилалӣ оид ба молия, маориф ва масъалаҳои оби тоза (2001-2005), директори муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маорифи Тоҷикистон (2009-2012), директори мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе (2012-2015) кор кардааст. Аз соли 2015 сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мебошад. Бобати муқоисаи истилоҳот дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ, доираи лексикӣ ва маъноии истилоҳот дар ин забонҳо, масъалаҳои марбут ба назарияи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ ва ғайра беш аз панҷоҳ асару мақола навиштааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Типология коневодческой лексики на материале таджикского (персидского) и английском языках. – Д., 1997;
- Коневодческая лексика в таджикском и английском языках. – Д., 2007;
- Таджикская и английская гиппологическая терминология в историческом и сравнительном освещении. – Д., 2010;
- Лексико-семантическое поле horse /асп в английском и таджикском языках. Д., 2013.[1]
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 345-346.
- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 18 феврал
- Зодагони соли 1962
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Восеъ
- Докторони улуми филология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Филологони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ