Ҳовоно

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҳавана)
Jump to navigation Jump to search
Шаҳр
Ҳовоно
испанӣ: La Habana
HavanaMontage.png
Парчам Нишон[d]
Парчам Нишон
Кишвар

Кубо

Координатаҳо

23°07′00″ а. шим. 82°23′00″ т. ғ.HGЯO

Роҳбар

Marta Hernández Romero[d]

Номи қавмӣ

ҳовонӣ, ҳовониҳо

Коди телефон7
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
[[Акс:|310px|Ҳовоно дар харитаи]]
Ҳовоно
Ҳовоно

Ҳовоно, Гавана (испанӣ: La Habana [aβana] — Авана, пурра San Cristóbal de La Habana) — шаҳр, пойтахти Ҷумҳурии Кубо, маркази маъмурии музофоти ҳамном. Дар қисми шимолу ғарбии ҷазираҳои Кубо дар соҳили халиҷи Мексика ҷойгир шудааст. Аҳолиаш 2,8 млн нафар, бо сокинони атрофаш 3,7 млн нафар (2014). Масоҳаташ 726,75 км².

Бандари асосии кишвар буда, бо тамоми музофотҳо иртиботи нақлиётӣ дорад. Фурудгоҳи байналмилалӣ (Хосе Марти) дорад.

Таърих[вироиш]

Ҳовоно тақрибан соли 1515 дар соҳили ҷанубии ҷазира аз тарафи кишваркушо (истилогар)-и испанӣ Диего Веласкес бунёд шуда, соли 1519 он ба соҳили шимолу ғарбӣ кӯчонда шуд. Аз соли 1592 шаҳр ва қароргоҳи расмии губернатори Испания буд. Аз соли 1902 пойтахти Ҷумҳурии Кубо.

Санъату иқтисод[вироиш]

Ҳовоно маркази муҳимми саноат ва фарҳанги мамлакат аст. Комбинати филиззкории (металлургии) ба номи Хосе Марти, ки бо ёрии ИҶШС азнавсозӣ шудааст, заводи коркарди маҳсулоти нафтӣ, муассисаҳои хӯрокворӣ, дӯзандагӣ, нассоҷӣ, корхонаҳои саноати коркарди филиззот, кимиёӣ, киштисозию таъмири он, васлкунии автомобил, чарму пойафзор, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, фабрикаи коркарди тамоку (истеҳсоли сигор), шаробпазӣ дорад.

Ҷозибаҳои гардишгарӣ[вироиш]

Ҳовоно аз зеботарин шаҳрҳои Нимкураи ғарбӣ маҳсуб мешавад. Қисмати қадимии Ҳовоно (Habana Vieja), ки то ҳанӯз симои даврони мустамлика буданашро маҳфуз доштааст, ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидааст. Маҷмааи майдонҳои росткунҷаи Пласа де Армас бо қасри волӣ (1777-91) ва Хона (қаср)-и почта, майдони калисои ҷомеъ (1656), ратуша (1792), маъбадҳо ва биноҳои бо услуби барокко биношуда дар асрҳои 16-18 қомат афрохтанд. Аз бандаргоҳ ба самти шарқ биноҳои қадимӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва қалъаҳои Эл-Морро (1589—1630) ва Ла Кабаня, дар самти ғарб Ла Пунта ва Ла Фуэрса (1565-83 бо осорхонаи силоҳҳои қадимӣ) воқеанд. Дар асрҳои 19-20 дар ҷануб ва ғарб маҳалли ашрофи Серро, Ведадо, Мирамар, хиёбони Пасео-дел-Прадо, бинои Капитолияи миллӣ (1929), биноҳои баландошёна (меҳмонхонаи «Гавана Либре» ва «Ривйера»), қасри президент, лавҳаи ёдгории «Гранма» бунёд шуданд. Муҷассамаи ёдгории Хосе Марти дар майдони Инқилоб (1943, баландиаш 70 м) ва нимпайкараи Исои Масеҳ (18 м) дар баландии Ла-Кабаня ҷой гирифтаанд. Ҳовоно донишгоҳ, АИ, китобхона ва осорхона дорад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]



Пойтахтҳо Америкаи Шимолӣ
Бастер | Белмопан | Бриҷтаун | Вашингтон | Ҳавана | Гватемала | Кастрис | Кингстаун | Кингстон | Манагуа | Мехико | Нассау | Оттава | Панама | Порт-о-Пренс | Порт-оф-Спейн | Розо | Сан-Салвадор | Санто Доминго | Сан-Хосе | Сент-Ҷонс | Сент-Ҷоржес | Тегусигалпа