Ҳавзаи интихоботӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳавзаи интихоботӣ - воҳиди марзие, ки аз он як ё якчанд вакил ба парлумон ё дигар мақомоти намояндагӣ интихоб мешавад. Тақсими марзи кишвар ба ҳавзаҳои интихоботӣ барои гузаронидани интихобот тибқи низоми интихоботии мажоритарӣ ҳамеша зарурат дорад. Давраи дуюми маъракаи интихобот ташкили ҳавза ва маҳалҳои интихобот мебошад. Барои интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон 41 ҳавзаи марзии якмандатӣ ташкил карда мешавад. Ҳавзаҳои интихоботиро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо пешниҳоди Президенти ҶТ ташкил медиҳад. Тафовути шумораи интихобкунандагони ҳавзаи интихоботӣ метавонад аз 15 то 20%-ро тафсил диҳад. Дар асоси қонуни интнхобот барои интихоботи вакипони Маҷлиси маҳаллии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе на бештар аз 70 ҳавзаи интихобот, ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ноҳия на бештар аз 40 ҳавзаи интихоботӣ ташкил мегардад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 504