Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳакимбой Ҷуманбоев (тав. 15.12.1943, деҳаи Пекони Бӯстони вилояти Тошкент), физик, номзади илмҳои физика-математика (1984), дотсент (1990).
Солҳои 1961–1966 дар факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1966–1968 лаборанти калон, 1968–1970 ассистенти кафедраи физикаи умумии донишкадаи номбурда, 1970–1972 афсари Артиши Шӯравӣ, 1972–1973 ассистенти кафедраи физикаи умумии донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1973–1977 коромӯз ва аспиранти Институти илмию тадқиқотии пластмассаи ш. Москва (НИИПМ), 1977–1979 ассистент, 1979–1990 муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ, 1990–1993 дотсенти кафедраи физикаи эксперименталииДонишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Ҳамзамон, солҳои 1981–1993 ҳамчун муовини декани факултети физикаи донишгоҳи мазкур кор кардааст. Соли 1993 бо муассисаи дигар ба кор гузаштааст. Оид ба хосиятҳои пезоэлектрикии полимерҳо корҳои илмию тадқиқотӣ бурда, зиёда аз 36 номгӯи корҳои илмӣ ва илмию методӣ ба нашр расонидааст. Инчунин ҳаммуаллифи як ихтироот мебошад. Бо раҳматномаҳои раёсати донишгоҳи омӯзгорӣ сарфароз шудааст.
- Хосиятҳои физикӣ-химиявии маводҳои полимерӣ, Д., 1989.