Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳалима Каримзода (тав.1.08.1949, шаҳри Хуҷанд), иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (2000), дотсент.
Солҳои 1966–1971 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1971–1974 лаборанти калони Институти математикаи АИ ҶТ, 1974–1980 ходими илмии Институти илмӣ-тадқиқотии методҳои иқтисодӣ ва математикии банақшагирии (НИИЭММП) назди Госплани ҶШС Тоҷикистон, 1980–1985 аспиранти Институти математикаи АИ ҶТ, 1985–1993 муаллими фанни математикаи мактаби миёнаи № 53 шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1993 то ба имрӯз ҳамчун ассистент, муаллими калон ва иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи информатика ва математикаи амалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад. Солҳои 2004–2010 вазифаи мудири кафедраи информатика ва математикаи амалии донишгоҳи омӯзгориро ба уҳда дошт. Оид ба истифодаи методҳои математикӣ дар иқтисодиёт кори илмӣ бардааст. Муаллифи зиёда аз 30 асару мақолаҳо, фишурдаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.
Ас.: Усулҳои ҳисобарорӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2008.