Ҳамид Гадоев
Таърихи таваллуд | 12 октябр 1922 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 23 сентябр 2007 (84 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Дараҷаи илмӣ: | профессор (1980) ва доктори илмҳои таърих[d] (1978) |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо |
Ҳамид Гадоев (12.10.1922, деҳаи Исфисори округи Хуҷанд — 23.9.2007, ҳамон ҷо) — таърихнигор, доктори илмҳои таърих (1978), профессор (1980), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1975).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Дорулмуаллимини Тошканд (1940) ва Институти педагогии Душанбе (1944). Омӯзгори мактаби деҳоти Қатаған ва Исфисори Хуҷанд (1940-41), иштирокдори ҶБВ (1941-43), директори мактаби ноҳияи Чкалов (ҳоло шаҳри Чкалов, 1943-44) буд. Баъди хатми Мактаби Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (1944-45) ва Мактаби олии Ҳизби коммунистии Маскав (1945-46) котиби КМ комсомоли Тоҷикистон (1946-49), мудири шуъбаи ҳаёти ҳизбии рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон», ҷонишини аввали раиси ҷамъияти «Дониш» (1949-51), шунавандаи Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ (1951-54), мудири бахши таблиғ ва роҳбари гурӯҳи лекторони КМ ҲК Тоҷикистон (1954-58), аспиранти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ (1958-60), муҳаррири рӯзномаи «Совет Тоҷикистони» (1960-64), мудири шуъбаи таблиғ ва ташвиқоти КМ ҲК Тоҷикистон, директори Институти таърихи ҳизби назди КМ ҲК Тоҷикистон (1971-88) буд. Аз соли 1961 вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 6-7). Муаллифи беш аз 50 асару мақолаи илмӣ-оммавӣ. Асарҳояш асосан ба тарғиби сиёсати давлатдорӣ ва дӯстии миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ғояҳои дӯстии миллатҳо бахшида шудаанд. Бо роҳбарии Г. 6 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд.
Ҷоизаву орденҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо орденҳои Ситораи Сурх, Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо, ду ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалу ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ленин — асосгузори давлати сермиллати советӣ. Д., 1960;
- Торжество ленинской национальной политики КПСС. Д., 1962;
- Сиёсати миллии ленинӣ дар амал. Д., 1969;
- В семьи единой и великой. Д., 1976.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гадоев Ҳамид / Р. Юлдошев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.