Ҳандаса (дастхат, Насируддини Тӯсӣ)
Зоҳир
Насриддини Тӯсӣ. «Ҳандаса» (Дастхат)
Мундариҷа
[вироиш | вироиши манбаъ]Асари мазкур соли 644 ҳ\1246 м эҷод карда шуда ва дар он 496 шакли геометрӣ бо масъалаҳояш ҳал гардидааст. Бояд гуфт, ки таҳрири ҳандасаи муаллиф фикрҳои амиқи риёзии ӯро дарбар гирифта, аз нимаи дӯюми асри XII то нимаи охири қарни XIII дар кишвари Эронзамин яке аз дастурҳои беҳтарин ба ҳисоб мерафт. Дар аввали нусха ду муҳри мудаввар, ки ба Мир Муҳаммад Халил ва Маҷид навишта шудаанд, гузошта шудаанд. Баъзе варақҳои китоб тармим гардида, варақҳои охири он даридаю фарсудашудааст. Матнаш мутлақ арабист. Гирдогирди матни нусха ҷадвал кашида шудаанд.
Тақризҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Донистаниҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Китоби Насриддини Тӯсӣ. «Ҳандаса». (Дастхат) дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст.[1]
Пайванди беруна
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |