Jump to content

Ҳасаналӣ Вазирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳасаналӣ Вазирӣ

Ҳасаналӣ Вазирӣ (1889–1954) — наққош ва ҳайкалтароши эронӣ. Аз саромадони мактаби Камолулмулк буд. Бародари Алинақӣ Вазирӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар мадрасаи Қазоқхона ва Мадрасаи саноеи нафиса таҳсил кардааст. Дар он ҷо бо наққошиҳое чун «Тасвири мадрасаи Нозим» ба дигар ҳунарҷӯён таъсир гузошт ва таваҷҷуҳи Камолулмулкро ба худ ҷалб кард. Пас аз ҳунаромӯзӣ мудири ин мадраса шуд. Дар ҳамин замон дар «Мюзикал клаб» («Клуби мусиқӣ»)-и бародараш омӯзишгоҳи мусиқӣ таъсис дод. Дар сӯхтори соли 1928 чанде аз осораш нобуд шуд. Баъд аз муовини Раиси саноеи нафиса таъйин шудан, соли 1933 ба Амрико рафта, осорашро дар Амрико, Олмон ва Англия ба намоиш гузошт. В. аз бунёдгузорони Донишкадаи ҳунарҳои зебои Донишгоҳи Теҳрон буд ва муддате дар он ҷо аз анатомия дарс гуфтааст. Ӯ дар эҷодаш бештар аз рангҳои пухта ва равшан истифода мекард ва онҳоро дар услуби сояравшанкорӣ бо латофати хоссе ба кор мебурд. Ӯ устоди муътабаре дар ҳунари академии Эрон шинохта шудааст. Ҳасаналӣ Вазирӣ ҳайкалтарош ҳам буд.

Бархе аз наққошиҳои Ҳасаналӣ Вазирӣ: «Парандаи Мозандарон», «Расми Алинақӣ Вазирӣ», «Манзараи Гулобдара», муҷассамаи «Адиби пешоварӣ» ва ғ.

  • دانشنامه دانشگستر. جلد ۱۷. تهران٬١٣٨٩ هـ. ش.؛ دائرۃالمعارف هنر. چاپ ۱۱. تهران،١٣۹٠هـ. ش