Ҳасан Зайниддинов
Ҳасан Зайниддинов | |
Таърихи таваллуд | 15 июн 1927 |
Зодгоҳ | ноҳияи Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 1999 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисодиёт |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ҷоизаҳо | орденҳои «Ситораи Сурх», «Шараф» дараҷаи 3-юм, «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», медали «Барои ҷасорат», нишонҳои «Барои муваффақиятҳо дар низоми маълумоти олӣ», «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» |
Ҳасан Зайниддинов (тав. 15.06.1927, деҳаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом – ваф. 1999, ш. Душанбе), иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (1962), дотсент, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1956 факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 1956– 1999 ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи асосҳои назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Муаллифи 25 асар, зиёда аз 280 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва илмию оммавӣ аст. Дар як қатор конференсияҳо ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ, умумиитифоқӣ ва байналмилалӣ (София, Будапешт, Варшава, Москва, Ленинград, Душанбе) дар мавзӯъҳои мухталифи соҳаи иқтисодиёт бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Бо орденҳои «Ситораи Сурх», «Шараф» дараҷаи 3-юм, «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», медали «Барои ҷасорат», нишонҳои «Барои муваффақиятҳо дар низоми маълумоти олӣ», «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва Вазорати маълумоти олии ИҶШС сарфароз карда шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ташкилотҳои бинокории байниколхозӣ, Сталинобод, 1961;
- Дӯсти ва ҳамкорӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1964;
- Нархи яклухтӣ ва сифати маҳсулот, Д., 1966;
- Баплангирӣ ва мустақилияти корхона, Д., 1966;
- Ривоҷи экспорти Тоҷикистон, Д., 1969;
- Интегратсияи иқтисодии сотсиалистӣ, Д., 1970;
- Воситаҳои аёнӣ оид ба иқтисоди сиёсии сотсиализм, Д., 1975;
- Тоҷикистон дар панҷсолаи даҳум, Д., 1977;
- Интегратсияи иқтисодии сотсиалистӣ ва иштироки Тоҷикистон дар чорабиниҳои он, Д., 1978;
- Зиёд кардани самараи истеҳсолот ва сарфаю сариштакорӣ, Д., 1986;
- Стратегияи суръатафзоӣ, Д., 1987.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 15 июн
- Зодагони соли 1927
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Конибодом
- Даргузаштагони соли 1999
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми иқтисод
- Олимон аз рӯи алифбо
- Иқтисоддонҳо аз рӯи алифбо
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон