Ҳақназар Назаров
Ҳақназар Назаров | |
Таърихи таваллуд | 20 апрел 1931 |
Зодгоҳ | деҳаи Сангвори Ноҳияи Комсомолобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 2006 |
Фазои илмӣ | таърих, шарқшиносӣ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин |
Ҷоизаҳо | медали «Ветерани меҳнат», Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1986), Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1970). |
Ҳақназар Назаров — муаррих, доктори илми таърих (1977), профессор (1979). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1987). Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1970). Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1986).[1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳақназар Назаров Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро (1953), ихтисос – «таърих».
- 953—1954 — муаллими Институти давлатии педагогии Кӯлоб,
- 1955—1958 — аспиранти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин,
- 1958-1963 — ходими калони илмӣ, мудири сектори Шӯъбаи шарқшиносӣ ва мероси адабии АИ Тоҷикистон,
- 1963-1981 — дотсенти кафедраи таърихи нав ва навтарини Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин,
- 1958-1963 — мудири бахши Шарқи муосири шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ ҶШС Тоҷикистон,
- 1981 — мудири шуъбаи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ҶТ.
- 1982-1986 — мудири шуъбаи таърих, иқтисодиёт ва афкори иҷтимоии кишварҳои Шарқи хориҷии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ҶТ.
- 1986-1991 — профессори кафедраи таърихи нав ва навтарини Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин,
- 1992-1993 — директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ҶТ
- 1996-2006 — мудири Шуъбаи афғоншиносии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ҶТ.[2].
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Тадқиқоти Назаров ба ҳалли масъалаҳои гуногуни таърихи халқӣ тоҷик ва халқҳои Афғонистон, аз ҷумла равобити халқҳои аморати Бухоро ва Афғонистон, муборизаи онҳо дар роҳи озодӣ ва истиқлолияти, ташаккули ақоиди озодихоҳ ва маърифатпарварии мардуми ин кишвар дар oxири асри XIX аввали асри XX бахшида шудааст. Назаров муаллифи бештар аз 50 асару мақолаҳои илмист. Ӯ яке аз муаллифони китоби дарсии «Таърихи наву навтарини мамлакатҳои Шарқи Миёна» (Д., 1973) мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Равобити Бухоро ва Афғонистон аз барпо шудани давлати Дуррониҳо то ғалтидани аморати Бухоро, Д., 1063:
- К характеристике народных движений контса XIX в. в Афганистане, Д., 1968;
- Из истории движений народных масс Афганистана в начало XX в.. Д., 1969;
- Таърихи наву навтарини мамлакатҳои Шарқи Миёна. Д., 1973;
- Народные и просветителско-антифеодалные движения в Афганистане (конетс XIX — нач. XX веков), Д., 1976.[3].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- медали «Ветерани меҳнат».
- Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1986).
- Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1970).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
- ↑ Ҳақназар Назаров(тоҷ.). kitobam.com (2022). 17 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Ҳақназар Назаров(тоҷ.). kitobam.com (2022). 17 май 2024 санҷида шуд.
- Зодагони 20 апрел
- Зодагони соли 1931
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Дарбанд
- Даргузаштагони соли 2006
- Докторони улуми таърих
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Арбобони шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон