Jump to content

Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон

Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон — 13 ноябри 2001 бо изҳороте бо воситаи ВАО барои таъсиси Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон аз ҷониби як гурӯҳи зиёиён, хабарнигорон ва ҷавонони муассис: Саидиён Ҳикматуллоҳ(сарвари муассисон), Бекмуҳаммадов Нусрат, Пиров Ҳасан, Камолов МЭЛС, Саъдуллоҳи Мӯсо(марҳум), Баҳори Лоиқ, Шариф Комил, Толиб Солиҳ, Аҳмадшоҳ Комилзода, Бӯрихон Маҷнун(марҳум), Раҳматуллоев Р., М. Идиев, Латифова Соҳибгул, Ғозаков А., Муҳаммадиев Илҳом ва дигарон дарак дода шуд. Ҷонибдорони ин ҳизб чун пайдо шуданд зиёда аз 1000 нафар Анҷумани Муассисони ҲВТ рӯзи 30 марти 2002 дар шаҳри Душанбе бо ҷамъшавии 100 вакил барпо гардид. Раёсат бо адади 19 нафар ва раиси ҲВТ Саидиён Ҳикматуллоҳ интихоб шуданд. Анҷумани 2 юм рӯзи 21 майи 2006 дар шаҳри Душанбе бо ҷамъшавии 100 вакил баргузор гардид. Саидиён Ҳикматуллоҳ раис ва Саъдуллоҳ Мӯсо бо Баҳори Лоиқ муъовинони раиси ҲВТ интихоб шуданд. Раёсати ҲВТ бо адади 19 нафар ва Комиссияи тафтишотии ҲВТ дар ҳайати 3 нафар низ интихоб гардид. Худоёров Абдуҷаббор раиси КТ ҲВТ интихоб шуд. Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон дар заминаи дигаргуниҳои азими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъии кишвар ба вуҷуд омадааст. Зарурати эҷоди ин ҳизб аз ниёзҳои ҷомеъаи Тоҷикистон дар иртибот ба пуштубонӣ аз ваҳдати мардуми Тоҷикистон, ислоҳоти умумӣ дар соҳаи сиёсату иқтисодиёт ва фарҳанг, пуштубонӣ аз ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон пайдо гаштааст. Ҳадафи асосии ҲВТ мусоъадат ва ширкат дар бунёди давлати воқеъан соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта ва фарҳангию бомаърифат бар асоси арзишҳои волои миллӣ, маҳзабӣ ва башарӣ бар пояи эҷоди ваҳдати умумии мардуми кишвар аст. Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон ният дорад бо роҳи ҷалби нерӯҳои солими ҷомеъа дар амалӣ шудани ҳадафҳояш бо шеваи демократӣ ширкат намуда ба давлати Тоҷикистон дар роҳи рушду тараққӣ ва эҷоди ҷомеъаи шаҳрвандӣ ёрӣ расонад. ҲВТ ҳизби сиёсии ҷумҳуриявӣ буда, дар қаламрави ҶТ фаъолият карда дар асоси тадаботи Сарқонуни ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», меъёрҳои ҳуқуқи башар, Оиннома ва Барномаи худ амал намуда, дар асоси иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон, сарфи назар аз нажод, миллат, забон, мансубияти мазҳабӣ ва ҷинс таъсис гардидааст. Дар сиёсати давр ҲВТ ҳизби марказгаро мебошад. Дар 68 шаҳру навоҳӣ, вилоятҳо созмонҳои ибтидоии худро созмон додааст. Барои пешбурди кори ташкилӣ — ҳизбӣ сохторҳои минтақавӣ (вилояти Хатлон — минтақаҳои Вахш ва Кӯлоб; вилояти Суғд — минтақаҳои Хуҷанд ва Зарафшон; шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ — минтақаҳои Ҳисор ва Рашт) созмон дода шуда аст. ҲВТ инчунин Дастгоҳи иҷроияро молик мебошад. Сарварии Дастгоҳи иҷроияи ҲВТ бар уҳдаи Муҳаммадиев Илҳом (мудири шуъбаи байналхалқӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) вогузор аст. ҲВТ зиёда аз 5 ҳазор аъзо ва ҳазорон ҷонибдору ҳаводорон дорад. Дар итихоботҳо фаъолона иштирок мекунад. Аъзои Раёсати кунунии ҲВТ инҳоянд: Саидиён Ҳикматуллоҳ-раиси ҲВТ — сиёсатмадор, тоҷир; муъовини раиси ҲВТ: Баҳори Лоиқ, омӯзгор дар Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон. Аъзои раёсат; Муҳаммадиев, Илҳом — раиси Дастгоҳи иҷроияи ҲВТ, ҳамзамон сардори шуъбаи байналхалқии ДМТ; Камолов МЭЛС — раиси созмони шаҳри Душанбегии ҲВТ, ҳамзамон муъовини хадамоти байтории Тоҷикистон; Пиров Ҳасан, декани Консерваторияи Миллии Тоҷикистон; ва….Ҳоло, Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон зиёда аз 5000(5 ҳазор) аъзо дорад.