Jump to content

Ҳикмати инсонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Доктор Штейнер

Антропосо́фия (аз юн. ἄνθρωπος — инсон ва σοφία — ҳикмат) — таълимоти ирфонӣ (дар бораи одам, як навъи теософия мебошад), ки дар он ақидаҳои пифагориён, навафлотуниён, гностикҳо ба ҳам омехтаанд.

Асосгузори антропософия немис Рудолф Штейнер соли 1913 дар Дорнах (Швейтсария) «Ҷамъияти умумии антропософӣ»-ро таъсис намуд. Ӯ дар асарҳои худ « Илми ғайб» ва «Антропософия» моҳияти ин таълимотро баён кардааст. Мувофиқи таълимоти антропософия Худо дар ҳодисоти табиат таҷассум гардида, гӯё дар шакли одам эҳё мешавад. Дар масъалаи давлат антропософия утопияи Афлотунро тарафдорӣ мекунад. Ҳоло антропософия дар Англия, ИМА ва дигар мамлакатҳо интишор ёфтааст. Мувофиқи ақидаи баъзе олимон антропософия шаҳодати бӯҳрони фалсафаи навин буда, фалсафаро обурангу мазмуни динӣ медиҳад.