Jump to content

Ҳилолиён Аскар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳилолиён Аскар
Ҳилолиён Аскар
Таърихи таваллуд: 25 март 1923(1923-03-25) (101 сол)
Зодгоҳ: Эрон
Маҳалли даргузашт: соли 1994
Навъи фаъолият: нависанда

Ҳилолиён Аскар - нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1980)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳилолиён Аскар 25 марти соли 1923 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таваллуд шудааст. Солҳои 1929-1938 дар мактаб ва Омӯзишгоҳи тибби Машҳад, баъдан дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров таҳсил кардааст. Аз соли 1948 машғули фаъолияти босамари рӯзноманигорӣ будааст. Ҳилолиён Аскар соли 1994 аз олам даргузаштааст.

Оғози фаъолияташ дар соҳаи адабиёт ба соли 1942 рост омада, муаллифи китобҳои «Аз Мастчоҳ ба Мастчоҳ» (ҳамроҳи Ҳоҷӣ Содиқ, 1961) ва ҳикояи «Нозанин» (1964) мебошад. Дар ҳамқаламии Аминҷон Шукӯҳӣ ҳикояи «Шаҳло», қиссаҳои «Шаҳло ва Шифо» (1960), «Имзои шахсӣ» (1967), романи «Печутоби роҳҳо» (1977-1979)-ро таълиф кардааст. Асари М.Горкий «Университетҳои ман», қиссаву ҳикояҳои алоҳидаи В. Гюго, романи Н.Островский «Зодагони тӯфон» ро ба тоҷикӣ гардондааст.[1]

  • Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон.
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 42 ISBN 978-99947-2-379-9