Ҳиндустони Шарқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳиндустони Шарқӣ
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 418 323 км²
Ҳиндустони Шарқӣ дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳиндустони Шарқӣ (хиндӣ, бенг. পূর্ব ভারত) — яке аз минтақаҳои Ҳиндустон буда, аз иёлотҳои Банголаи Ғарбӣ, Бихар, Ҷарҳанд ва Орисса иборат аст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳиндустони Шарқӣ дар маркази империяҳои қадимии Мадаха ва Имперотурии Маурйа воқеъ аст. Вай гаҳвораи дини буддоӣ буд. Будда Гаутама аз Бодх Гая маърифат гирифта буд Подшоҳи Имперотурии Маурйа (Maurya) Ашока (Ashoka) ба фиристодани мӯъбадон барои паҳншавии дини буддоӣ дар Осиё сар карда буд. Донишгоҳи машҳури Наланда дар Ҳиндустони Шарқӣ буд. Сайёҳони чинӣ аз маъбадҳои буддоӣ, ҳиндуия ва китобхонаҳо дар Бихар ва Бенгалиё дидан карда буданд.

Ҳамлаи исломӣён дар асри XIII дар натиҷаи шикасти салтанатҳои ҳиндуҳо ба тобеъ гардидании онҳо хотима ёфт ва аксари буддоён, хусусан дар Бангола (ҳоло Бангладеш ), ба дини ислом гаравиданд. Ҳиндустони Шарқӣ ҳамчунин як қисми Имперотурии Темуриёни Ҳинд (русӣ Империи Великих Моголов) дар асрҳои XVI ва XVII буд. Бо пайдоиши аврупоиҳо дар асри XVII дар Бангола посгоҳҳо таъсис дода шуданд. Ҳангоми тақсими Ҳиндустон дар соли 1947, аксарияти ҳиндуҳои Банголаи Шарқӣ ба Ҳиндустон гурехтанд.

Фарҳанг[вироиш | вироиши манбаъ]

Иёлоти Орисса ва Банголаи Ғарбӣ дорои хусусиятҳои зиёди фарҳангӣ ва забонӣ мебошанд, ки ба Бангладеш ва Ассам монанданд. Дар якҷоягӣ бо Бангладеш, Банголаи Ғарбӣ то ҷудокунии Ҳиндустон Бритониё дар соли 1947, як минтақаи этнологии забониро дар Бангола ба вуҷуд овард. Забони банголӣ забони сершумортарин дар Ҳиндустони Шарқӣ мебошад, ки зиёда аз 80 миллион аҳолӣ дар Бангола ва инчунин дар давлатҳои ҳамсоя бо он гап мезананд. Забони Ҳиндӣ шумораи аз ҳама баландтари сухангӯён дорад - беш аз 90 миллион.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Кишоварзӣ ҳозир бахши бузургтарини иқтисодиёт боқӣ мондааст ва дар он аксарияти одамони аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол кор мекунанд. Дар асри XX рушди саноат дар минтақаҳои ҷанубии Банголаи Ғарбӣ ва дар Ҷамшедпур мутамарказонида шудааст. Дар солҳои охир, саноати IT дар иёлоти Орисса ва Банголаи Ғарбӣ рушд кардааст.

Авҷи рушди иқтисодӣ , аз соли 1991, ба паҳншавии марказҳои нави тиҷоратӣ, шоҳроҳҳо, фурудгоҳҳо ва IT - технологияҳо овардааст. Яке аз аввалин донишгоҳҳои бузург дар таърихи башар, Наланда, воқеъ дар Бихар мебошад. Дар бораи эҳёи ин донишгоҳи қадим нақшаҳои мухталиф буданд ва дар он ҷо як консорсиум бо роҳбарии Сингапур ва бо иштироки Чин, Ҳиндустон ва Ҷопон созмон дода шуд.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Минтақаҳои Ҳиндустон
Ҳиндустони Шимолӣ · Ҳиндустони Шимолу Шарқӣ · Ҳиндустони Шарқӣ · Ҳиндустони Ғарбӣ · Ҳиндустони Ҷанубӣ