Ҳистрион
Ҳистрио́н (аз лот. histrio — ҳунарпеша, бозигар) — ҳунарпешагоне дар Руми Қадим, ки аксарияташон аз ғуломон ё ғуломони озодшуда буданд.
Инҳо дастаҳо таъсис медоданд ва саркардаҳошон аз миёни худашон интихоб мешуд. Дар ҷашнҳои солонаи расмӣ, ҳангоми бозиҳои пуршукӯҳи нусрат, ё маросимҳои дафн ва ё дар интихоботи мақомоти рутбаҳои баланд ва ғ. ҳунарнамоӣ мекарданд. Дар ибтидо бе ниқоб нақш мебозиданд (ниқоб бо таъсири театри Юнон дар асри 1 то м. маъмул гашт). Барои намоишҳои саҳнавиашон бинои доимӣ надоштанд. Ба ҳистрион, маъмулан, одамони табақаи поёни ҷамъият ва ғуломон, ки ҳеч ҳуқуқи шаҳрвандӣ надоштанд ва онҳоро ҷисман ҷазо додан мумкин буд, ҷалб карда мешуданд. Танҳо баъзе ҳистрионҳои шуҳратманд сазовори эҳтиром буданд.
Ҳунарпешагони кӯчагии асрҳои 9–13, онҳо ҳамзамон ҳамчун ровиёни достонҳо, навозанда, раққос, хонанда, ромгари ҳайвонот ва ғ. саҳнаороӣ мекарданд. Ҳистрионҳо иттиҳоди «бародарӣ»-е доштанд, ки бар пояи он мудом маҳфилҳои ҳунармандони ғайрикасбии саҳна таъсис меёфт. Ҳунари ҳистрион навъҳои гуногун дошта, дар ҳунарнамоиҳои сирк, эҷодиёти гӯяндагону шоирон ва ғ. рушд меёфт.
Бо мурури замон ҳистрионҳоро дар Фаронса жонглёр, Олмон шпилман, Лаҳистон франт, Итолиё мим, Испания хугляр, Русия скоморох (масхарабоз ё худ ширинкор) меномиданд. Охири асри 13 ҳистрион аз таъқиби диндорон ва табақаи аъёну ашроф ба кори плеатрҳои ҳаваскори шаҳр гузаштанд. Ин қабил ҳунарпешагон дар байни мардуми тоҷик бо номҳои шуъбадабоз, масхарабоз, ширинкор ва амсоли инҳо маъруф буданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гистрион // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
- Дживилегов А., Бояджиев Г. История западноевропейскою театра. М., 1991;
- Новая российская энциклопедия. Т. IV(2). М., 2008.