Ҳифзи рустанӣ
Ҳифзи рустанӣ — соҳаи илми кишоварзӣ, ки усулу роҳҳои муборизаро бар зидди касалӣ, зараррасонҳо, алафҳои бегонаи зироати хоҷагии қишлок ва бешазор, инчунин системаи тадбирҳои хоҷагиҳои ҷангалдорӣ ва хоҷагии қишлоқро оид ба пешгириву барҳамдиҳии осеби ба рустанӣ расонидаи зараррасонҳо тадқиқ менамояд. Муҳофизати рустанӣ на танҳо аз маҳви организмҳои зараррасон ё маҳдудгардонии доираи фаъолияти онҳо иборат аст, инчунин муайян намудани давраи пайдоишу миқёси паҳншавӣ, пешгирии паҳншавии махсусан организмҳои зараррасонро аз як кишвар ба кишвари дигар низ ба зимма дорад. Муҳофизати рустанӣ дар заминаи муваффақиятҳои агрономия (деҳқонӣ, рустанипарварӣ, фитопатология ва антомологияи хоҷагии халқ ва ғайра), зоология ва ботаника (асосан систематика, анатомия, морфология, экология, географияи рустанӣ ва ҳайвонот), генетика, биохимия ва физиологияи рустанию ҳайвонот ва ғайра равнақ меёбад. Муҳофизати рустанӣ ба метеорология иқлимшиносӣ, химияю физика, гигиена ва токсикология ва ғайра низ узван алоқаманд аст.
Назар ба маълумоти Ташкилоти хӯрокворӣ ва хоҷагии қишлоқи ТДМ дар натиҷаи касалӣ ва осеби зараррасонҳо соле тақрибан 20-25 % ҳосили умумиҷаҳонии зироати хӯрокворӣ нобуд мешавад. Бинобар ин мавқеъ ва аҳамияти муҳофизати рустанӣ барои баланд бардоштани дараҷаи истеҳсол ва ҳифзи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ хеле бузург аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳанӯз 3 ҳазор сол то м. ба одамон офати малахи биёбонӣ ва зарари касалиҳои рустанӣ маълум буд. Дар асарҳои нависандагони Юнони Қадим тавсифи касалиҳои занга, сиёҳкуя (сиёҳмушк), тосаки дарахтон ва ғайра мавҷуданд, ки зуҳури «ғазаби худо» меҳисобиданд. Аввали садаи XVIII ботаники франсавӣ Ж. Турнефор ва дигарон ба таснифоти касалиҳои рустанӣ кӯшиш карданд. Нимаи дуюми садаи XVIII олими рус А. Т. Болотов, франсавӣ А. Тиллет, италиявӣ Ф. Фонтан, даниягӣ Я. Фабрисиус ва дигарон дар асоси таҷрибаҳои сершумор сирояти бисёр касалиҳоро собит намуданд. Нимаи дуюми садаи XIX зарари азими иқтисодие, ки ҳашарот ва касалиҳои рустанӣ (филлоксера, малах, фитофторози картошка ва ғайра) ба як қатор мамлакатҳо расонд, зарурати марказонии корҳои тадқиқотӣ ва дарёфти роҳҳои мубориза бо касалию ҳашароти зараррасонро нишон дод. Дар бисёр мамлакатҳои бюрои давлатӣ, департаментҳо, идораҳои энтомологию фотопотологӣ ба вуҷуд омаданд ва корҳои тадқиқоти илмиро ба роҳ мондаанд. Дар ИМА соли 1853 касби энтомолог ва 1888 ст. Энтомологи пайдо шуд.
Дар Русия охири солҳои 70 ва 80 садаи XIX комиссияҳои энтомологии доим амалкунандаи оддеса ва Харков таъсис ёфт. Соли 1887 аввалин бор вазифаи энтомологи губерния ба расмият даромад. Соли 1904 дар Киев, Воронеж, Харков, Ставропол, Тошкент ва ғайра стансияҳои энтомологӣ ба вуҷуд омадаанд. То соли 1916 дар Русия 30 муассисаи энтомологӣ буд.
Охири садаи XIX ва нимаи садаи XX олимони рус А. А. Ячувский, Д. И. Ивановский, И. Л. Сербинов, Г. К. Бургвитс, америкоӣ Э. Смит, У. Стэнли ва дигар садҳо намудҳои нави замбӯруғҳои фитопатогенӣ, бактерия, вирус ва кирмҳои касалиангези рустаниро муайян намуданд; Биолигия ва физиологияи бисёр зараррасониҳои хавфнокро омӯхтанд.
Усулҳои муҳофизати рустаниҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Арготехникӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Арготехникӣ, ки ба истифодаи усулҳои умумӣ ва махсуси агротехникӣ асос ёфтааст ва бо ёрии онҳо шароити экология ба инкишофу афзоиши организмҳои зараррасон номусоидро фаро овард, қобилияти худмуҳофизии рустаниҳоро баланд мебардоранд. Ин усулро бори аввал дар аввали садаи XXэнтомологи рус Н. В. Курдюмов ба кор бурдааст. Дар инкишофи он тадқиқоти олимони рус А. А. Ячевский, А. И. Борггардт, Д. Т. Страхов,В. Н. Шёгов, немис П. Зорауэр, Г. Гаснер, америкоӣ Г. Кейт, Р. Спрейг ва дигарон саҳми арзанда доранд. Махсусан дуруст гузаронидани киштгардон яке аз омилҳои асосиест, зеро кишти бемайлон боиси дар хок ғун шудани зараррасону ангезандаҳои касалӣ мегардад. Системаи хуби шудгори замин ҳам боиси кам ва нобуд шудани бисёр зараррасонҳо мешавад. Тоза ва ба навъҳо ҷудо кардани тухмӣ дар мубориза бо касалии рустанӣ аҳамияти калон дорад. Сари вақд гузаронидани кишт ва ба замин андохтани нӯри омилҳои муҳити агротехникианд. Тадбири асосии муборизаи зидди зараррасонҳо, масалан, сангпуштаки гандум, бармаҳал ҷамъ овардани ҳосил аст.
Кишт ва парвариши навъҳои зироати ба касалӣ тобовар яке аз омилҳои муҳим аст. Дар омӯзиши проблемаҳои иммунитети рустанӣ Н. И. Вавилон, А. А. Ячевский, П. Г. Чесноков, И. Д. Шапиров, Т. И. Федотова (Иттиҳоди Шӯравӣ), И. Эриксон (Шветсия), Э Стэкмен (ИМА), Д. Карбоне, А. Арнауд (Италия) ва дигарон саҳми калон гузоштанд. Баъди ба вуҷуд овардани аввалин навъҳои мушунги говак ва пахтаи ба касалиҳои пажмурдагии фузариозӣ тобовар (ИМА) дар бисёр мамлакатхо ҳазорон навъҳои зироат ба даст оварданд, ки ба бисёр касаливу зараррасонҳо тобоваранд. Масалан, дар Иттиҳоди Шӯравӣ навъҳои картошкаи ба тосаку фитофториоз ва офтобпарасти ба занга ва шумгиёҳ тобовар ва ғайраро ба вуҷуд оварданд. Инчунин навъҳои гуногуни гандум ва тамокуро ба даст овардаанд, ки ба бисёр касалиҳо ва зараррасонҳо тобоваранд.
Биологӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Биологӣ, ки ба истифодаи ҳашароти дарранда ва паразит (эндомофагҳо), канаҳои дарранда (акарифагҳо), микроорганизмҳо, кирмҳо, паррандаҳо, ширхорҳо ва ғайрҳо барои маҳв ё кам кардани миқдори зараррасонҳо асос ёфтааст. Аввалин таҷрибаи истифодаи ҳашароти судбахш (мӯрчаи дарранда бар зидди кирмина ва ҳашароти зараррасон) дар Хитой бо муваффакият анҷон ёфт. Соли 1855 энтомологи америкоӣ А. Фитч барои ба муҳити маҳал мутобиқ намудани яке аз паразитҳои пашшаи гандум кӯшид. Аммо омӯзиши усули биологӣ охири садаи XIX вусъат гирифт. Солҳои 70 аз 520 намуди энтомофагҳо, ки аз дигар давлатҳо ба ИМА бурдаанд, 115 намудаш ба шароити маҳал мутобиқ шудааст. Инкишофи усули биологии Муҳофизати рустани дар ИМА ба номи олимон Ф. Г. Фландерс, С. П. Клаузен, Ф. Г. Симмондс ва дигарон алоқаманд аст. Дар Русия ба чунин тадқиқотҳо И. И. Мечников асос гузошт, ки занбӯруғ- ангезандаи мускардини сабзро бар зидди ғамбуски зараррасони гандум ва лаблабу истифода бурдааст. Роҳҳои истифодаи паразиту даррандаҳои ҳашароти зараррасон дар Иттиҳоди Шӯравӣ гуногун аст. Яке аз усулҳои самарабахши мубориза бо зараррасонҳо ба шароити маҳал мутобиқ кунонидани энтомофагҳое мебошанд, ки аз мамлакатҳои дигар оварда шудаанд. Масалан, паразити афелисунро, ки аз ИМА (1923,1930) овардаанд, ба муқобили ширинчаи сурх — зараррасони боғот бо мувафақият истифода карданд. Роҳи дигар истифодаи энтомофагҳои маҳаллӣ аст. Онҳоро дар био лабораторияҳо зиёд карда, ба киштзор сар медиҳанд, масалан, тӯхмхӯраки паразити трихограммаро бар зидди кирми тирамоҳӣ, мевахӯрак ва мӯр; ғамбусаки криптолемусро бар зидди кирмҳои зироати ситрусӣ ва токзор; псевдофикусро бар зидди кирминаи Комсток; канаи даррандаи фитосейулюсро зидди тортанаканаи гармхона ва ғайра ба кор мебаранд.
Ба мувофиқи зараррасониҳои зироати хоҷагии қишлоқ дар як қатор мамлакатҳо занбӯруғҳои патогенӣ, бактерия ва вирусҳоро низ истифида мекунанд. Соли 1962 дар Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсоли биопреперати бактериявии энтобактерин ба роҳ монда шуд ва бар зидди зараррасонҳои баргхояк бо муваффақият истифода бурданд. Биопреперети занбӯруғии боверип дар маҳви ғамбусаки колорадоӣ самарабахш аст. Соли 1962 дар заминаи занбӯруғи сапрофити хокӣ -антогонисти триходерма биопрепарати триходермин ҳосил кардаанд, ки ҳангоми ба хок андохтан ангезандаи касалиҳои зағир, ғалладона ва вилти пахтаро нобуд мекунад.
Кимиёӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Химиявӣ, ба истифодаи моддаҳое асос ёфтааст, ки барои организмҳои зараррасон заҳранд. Махсусан баъди соли 1945 ба туфайли тарзи оддии истифода, самаранокӣ ва таъсири универсалӣ доштани як қатор моддаҳои химиявӣ вусъат ёфт. Дар бисёр мамлакатҳо соҳаи махсуси саноат- истеҳсоли пеститсидҳо мавҷуд аст. Солҳои 20-30 ба сифати инсектисидҳо асосан пайвастҳои маргимуш ва баъде препаратҳои барои одаму ҳайвоноти гармхун заҳрнокро истифода мебурданд. Баъди соли 1945 ба ҷои онҳо пайвастҳои органикии типи ДДт, гексахлоран ва ғайра ва солҳои 60 пайвастҳои хлор, фосфор ва нитрогендор ҷорӣ шуданд. Бар зидди алафҳои бегонаи хоҷагии қишлоқ даҳҳо гербисидҳо, ки ба гурӯҳҳои хеле гуногуни пайвастҳои химиявӣ тааллуқ доранд, самаранок истифода мешаванд.
Баробари ин аз ҳад зиёд ва яктарафаю бемасъулиятона истифода бурдани пестисидҳо дар як қатор мамлакатҳо боиси ифлосии замин, об, пайдоиши шаклҳои нави ба пестисидҳо тобовари зараррасонҳо ва ғайра шуд. Барои ин дар тамоми мамлакатҳо барои маҳдуд намудани истифодаи пестисидҳо тадбирҳо меандешанд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ истифодаи пайвастҳои диенӣ (алдрин ва дилдрин), қариб тамоми препаратҳои маргимуш, ДДТ ва ғайра манъ аст. Роҳҳои дарёфти препаратҳои химиявии безарар ва дуруст истифода бурдани моддаҳои мавҷудаи химиявиро ҷустуҷӯй менамоянд. Инкишофи усули химиявии муҳофизати рустанӣ бо номи олимон Р. Д. О’Бриен, Ы. Г. Хорсфолл, Р. Л. Меткапф (ИМА), Э. Ю. Спенсер (Канада), Г. Мартин (Британияи Кабир), Г. Д. Угрюмов, А. Н. Несмеянов, А. М. Илинский (Иттиҳоди Шӯравӣ) ва дигарон алоқаманд аст.
Механикӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Механикӣ (бо роҳи кандани ҳар гуна чукуриҳо, истифодаи асбобу анҷоми гуногун барои сайду маҳв намудани зараррасонҳо, ҷамъ кардани тухм, кирминаю ҳашарот ва сӯзондани онҳо ва ғайра), ки дар гузашта аҳамияти муҳим дошт, вале аз сабаи меҳнатталаб ва камсамар буданаш маҳдуд шудааст.
Пешрафти имрӯзаи биология, физика, химия барои ҷустуҷӯи усулҳо ва воситаҳои боз ҳам мукаммали муҳофизати рустаниро тадқиқ карда истодаанд, ки ба истифодаи омилҳои физикӣ- афканишоти радиактивӣ ва гармӣ, ултрасадо, нур ва ғайра асос ёфтааст. Гамма-шуъобарорӣ барои стерилизатсият ҳашарот (баъди ҷуфт шудани ҳашароти стерилӣ ва ғайристерилӣ насли онҳо қоболояти афзоишро гум мекунад) истифода мешавад. Стерилизатсия бо ёрии ғаммашуоъбарории баъзе пайвастҳои химиявӣ, алалхусус, антибиотикҳо антимиаболитҳо ва ғайраҳо ба амал бароварда мешавад. Бо ин усул дар ҷазираи Кюрасаои британияи Кабир ва ИМА (17,5 млн га) паразити хавфноки чорвомагаси Cfllitroga hominivorax нест карда шуд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ иод ба стерилизатсияи мевахӯраки себ, кирми тирамоҳӣ, кирми ғӯза ва донхӯраки нахӯди лӯбиё, ганбусаки анбор ва ғайра тадқиқот мебаранд.
Нимаи дуюми солҳои 40 садаи XX баъди ошкор намуда баъзе ҷиҳатҳои манфии усулҳои химиявии муҳофизати рустанӣ ба усули интегронидаи муҳофизати рустанӣ диққати ҷидди дода истодаанд. Моҳияти ин усул мусоидатии усулҳои химиявӣ ва биологии муҳофизати рустанӣ бо мақсади пурра нигоҳ доштани энтомофагҳои судманд мебошад. Олимони Институти зоология ва паразитологияи АФ ҶШС Тоҷикистон бо роҳбарии академик М. Н. Назриқулов дар пахтазори колхозҳои ноҳияи Ёвон ин усули муҳофизати рустаниро бо муваффақият ба кор мебаранд. Мақсади ин усул тадриҷан иваз намудани пестисидҳо бо усулҳои биологӣ ва ғайра мебошад.
Муҳофизати рустанӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба тадбирҳои амалии муҳофизати рустанӣ Саруправленияи Вазорати хоҷагии қишлоқ оид ба муҳофизати рустанӣ, Шуъбаи нигаҳбонӣ ва ҳифзи ҷангали Комитети давлатии хоҷагии ҷангали Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳамчунин управленияҳои вазоратҳои хоҷагии қишлоқ, хоҷагии ҷангалдорӣ ва ст-ҳои Муҳофизати рустании ҷумҳуриҳои иттифоқӣ роҳбарӣ мекунанд. Марказҳои илмию методии муҳофизати рустанӣ инҳоянд: Институти умумииттифоқии тадқиқоти илмии муҳофизати рустанӣ (Ленинград) ва шуъбаҳои Муҳофизати рустании академияи илмҳои хоҷагии қишлоқи ба номи В. И. Ленин (Москва).
Дар Иттиҳоди Шӯравӣ натиҷаи тадқиқотҳо оид ба муҳофизати рустанӣ дар журналҳои «Защита растений», «Химия пеститсидов», «Лесное хозяйство» ва ғайра чоп мешуданд. Иттиҳоди Шӯравӣ аъзои Конвенсияи байналхалқӣ оид ба муҳофизати рустанӣ буд. Ҳар сол конгрессҳои байналхалқӣ оид ба ва конгрессҳои байналхалқии фитопотология ва энтомология барпо мешуд.
Муҳофизати рустанӣ дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Замони шуравӣ дар Тоҷикистон оид ба муҳофизати рустанӣ дар Институти зоология ва паразитологияи АФ ҶШС Тоҷикистон, Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, Институти зироати ВХҚ Тоҷикистон, Институти биологияи Помир корҳои тадқиқотӣ мебурданд.
Дар замони ҳозир мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизати рустаниҳо» ба вазифаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳофизати рустаниҳо дохил мешаванд[1]:
- таъмини вазъи мусоиди фитосанитарӣ;
- пешгирӣ ва аз байн бурдани таъсири зарарноки пеститсидҳо ба саломатии инсон ва ҳайвонот, маҳсулоти кишоварзӣ ва муҳити зист ҳангоми амалӣ кардани чораҳои фитосанитарӣ;
- таъмини амнияти озуқаворӣ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳофизати рустаниҳо»(тоҷ.). majmilli.tj. 18 Январ 2018 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Берим Н. Г., Химическая защита растений, Л., 1966;
- Павлов И. Ф., Агротехнические методы защиты растений, М., 1967;
- Биологическая борба с вредными насекомыми и сорняками, М., 1968 ;
- Щепетилникова В. А., Федерончик Н. С., Биологический метод борбы с вредителями селскохозяйственных култур, М., 1968;
- Андреев С. В., мартенс Б. К., Молчайнова В. А., Биофизические методы в защите растений от вредителей и болезней, л,, 1969.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳифзи рустанӣ // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).