Одиссея
«Одиссея» (юнонӣ - Ὀδύσσεια) — достони дуюми эпикии шоири Юнони бостон Ҳомер мебошад, ки тахминан дар асри VIII то милод эҷод шудааст.
Мазмуни достон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷавҳари достони «Одиссей» саргузашти минбаъдаи асоси достони «Илиада» аст. Қаҳрамони марказии достон Одиссей, шоҳи ҷазираи Итака, ҷанговари далер, сайёҳи муғамбири ҳилагар аст. Вай дар роҳи бозгашти даҳсола бо бисёр махлуқҳои афсонавӣ, ҷодугарон, одамхӯрон cap ба cap гашта, ҳамеша ба шарофати ақл бар онҳо пирӯз мешавад. Шоир дунёи ботинӣ, ғаму андӯҳи қаҳрамони асосии достонро хеле мутаассир сурудааст. Баъди роҳи тӯлонӣ Одиссей ба Итака қадам мегузорад, завҷааш Пенелопаро аз таҳқиру тамасхури«домодшавандаҳо» наҷот мебахшад. Пенелопа аз бозгашти шавҳар шоду халқ аз зинда будани шоҳашон масрур мешаванд.
Ба ақидаи Аристотел асоси достонҳои «Илиада» ва «Одиссея»-ро ягонагии ҳаракати драмавӣ ташкил медиҳад. Инчунин муаллиф характери қаҳрамонашро иброз намедорад, балки симои қаҳрамон аз суханрониҳои худи ӯ аён мегардад.[1]
Донистаниҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Достонҳои шуҳратёру шигифтангези «Илиада» ва «Одиссей»-и Ҳомер дар болооби адабиёти юнон ва дар саргаҳи адабиёти аврупой ҳамчун пойдевори азим устувору поянда истодаанд. Ҳомер парчами тамаддуни эллинӣ ва дастоварди бузурги ҳамаи онҳое буд, ки бо забони юнонӣ ҳарф мезаданд ва менавиштанд. Ягон фолклори замони имрӯза баробари он чизе, ки Ҳомер эҷод намудааст, дода натавонист, ақаллан ба ӯ ҳамсанг наомад. «То Ҳомер, ҳарчанд шоирон хеле афзун буданд, мо ягон асари ҳаммонанди достонҳои ӯро ба забон оварда наметавонем»,- навиштааст Аристотел. Ҳомер на танҳо натиҷа, балки ибтидо, на танҳо ворис, балки навовар низ мебошад. Ягон нафар нависанда дар сабқати шуҳрату маъруфият бо Ҳомер баробар омада натавонист. Дар аҳди ҷадид низ ӯ дар байни шоирони Юнон бузургтарин ба ҳисоб меравад ва дар хазинаи ҷавоҳироти адабиёти дунё аз дурдонаҳои дурахшонтарин аст. Мисраъҳои сурудҳои ӯ барои ҳамзамонони шоир ба як оҳангу мазмун садо намедоданд, ҳар бори шунидан маъноҳои нав ба нави онҳо кашф мегаштанд. Барои фозилону алломаҳои дайру донишгоҳҳои давраи Эҳё низ чунин буд. Ҳомери ягонаву холис ва дар айни замон шоири беҳад қобилиятнок якбора ба хонанда хешро ошкор намесохт, балки назокатҳои эҷодиёти ӯ муттасил, қисм ба қисм айён мешуданд. Ҳол он ки осори бисёр эҷодгарон дар замони зиндагиашон аллакай барои хонандаву шунаванда ягон сирру асрори ниҳон надошт. Аммо достонҳои Ҳомер ҳамоно дорой сирру асроранд, аз ин рӯ, талабот нисбаташон ҳамеша дар фузудан аст. Фазилати Ҳомер, тамкини хайрхоҳонаи ӯ, хушахлоқии ӯ, заковати ӯ алломаҳои замони қадимро ба ҳайрат оварда буданд. Маорифпарварони нимаи дуюми асри XVIII-и Фаронса аз самимият, фурӯтанӣ ва инсондӯстии Ҳомер ба ваҷд омада, таъкид доштаанд, ки «Илиада» ва «Одиссея» ҳиссиёти инсонро комилан табиӣ, бе ягон суханбозиҳои муболиғаомез тасвир намудаанд. Гогол, ки достонҳои Ҳомерро намунаи ягонаи барҷастаи ҳақиқатнигорӣ дар ҷаҳон эътироф мекард, ба аҳамияти бузурги тарбиявӣ доштани «Одиссея» муътақид буд. Мегуфт, ки дар ниҳоди шахс зиндадилӣ ва боварӣ ба ояндаи некро мепарварад. Лев Толстой дар қироат намудани осори Ҳомер сарчашмаи ҳақиқии ҳавасмандиро ба эҷод кардан дарёфта буд. Заковати ҳомерӣ аз эҷодиёти шифоҳии мардум рӯида, вале ба дараҷае аз он боло қад кашидааст, ки гоҳо ҷузъҳои ҷудогонаи фолклор ба қисмҳои ҷудоинопазири тарзи махсуси эҷоди ӯ табдил ёфтаанд.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гомер. «Одиссея» (ба забони русӣ)
- Шталь И. В. «Одиссея» — героическая поэма странствий. (Серия «Из истории мировой культуры»). М.: Наука, 1978. 165 стр. 50000 экз.
- Мальчукова Т. Г. «Одиссея» Гомера и проблемы её изучения: Учеб. пособие по спецкурсу. Петрозаводск, 1983. 92 стр. 500 экз.
- Антипенко А. Л. «Мифология богини»: По данным «Одиссеи» Гомера. М.: Ладомир, 2002. 256 стр. 1000 экз. ISBN 5-86218-419-8
- Тихонов А. А. Одиссея разума и разум Одиссея. Ульяновск, КТП, 2003. 166 стр. ISBN 5-86045-144-X
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |