Илиада

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Homer Ilias Griphanius c1572.jpg

Илиада (юнонии қадим: Ἰλιάς) — достони эпикии адабиёти Юнони Қадим, ки муаллифи онро Ҳомер медонанд. Ин қадимтарин осори хаттии адабиёти юнонӣ мебошад.

«Илиада»[вироиш]

Дар достони «Илиада» чи хел бо сарварии шоҳ Агамемнон муҳосира гаштани шаҳри Троя васф шудааст. Сабаби cap задани ҷанг аз ҷониби Парис, писари шоҳи Троя, дуздидани Еленаи соҳибҷамол, завҷаи Менелай, будааст. «Илиада» як воқеаи муҳорибаи Троя, ҷанги байни пешвои ахейҳои шоҳи микенҳо Агамемнонро бо қаҳрамони юнонй Ахиллес, ҷанговари ҷасур ва нерӯманд, ба чаҳорчӯбаи тасвир гирифтааст. Барои «Илиада» маҷмӯи ривоятҳо дар атрофи Троя, акси садои юриши бузурги юнониҳои микенй ба қалъаи Осиёи Сағир, сарчашмаи асосй мебошад. Вале баъзе лаҳзаҳо бо дигар воқеаҳои таърихй тавъам гашта, дар навбати худ ҳикоятҳои навро дар васфи қаҳрамонҳо ба миён овардаанд. Муҳосираи шаҳр нӯҳ сол идома ёфт. Баходурони юнонй бисёр корномаҳо карданд ва ҳамаи онҳоро Ҳомер муфассал ба риштаи назм кашидааст. Ӯ дар эҷодаш аз сохти анъанавии шеъри юнонӣ-гекзаметр-шеъри ҳар мисрааш шашрукна истифода бурда, лаҳзаҳои муҳориба, сару либоси ҷанговарон, рафтору кирдор ва маҳалли ҳарбу зарбро воқеъбинона сурудааст. Ба шарофати достонҳои Ҳомер тарзи ҳаёти иҷтимоии сипоҳиёни юнонӣ имрӯз бароямон торик нест. Ҳатто аз сурудаҳои ӯ археологҳо вайронаҳои Трояро ёфтанд ва таърихдонҳо аниқ карданд, ки дар ҳақиқат ин шаҳр тахминан солҳои 1200 то милод аз тарафи юнониҳо забт шудааст. Пас аз фатҳи шаҳр ва озод намудани Еленаи париваш голибон роҳи бозгаштро пеш мегиранд. [1]

Адабиёт[вироиш]

Нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 37 – 38