Ҳоҷӣ Мирзо
Ибронов Мирзомурод Давлатович | |
Ном ҳангоми таваллуд | Ибронов Мирзомурод Давлатович |
Таърихи таваллуд | 22 сентябр 1967 (57 сол) |
Зодгоҳ | Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | |
Пеша | воиз, рӯҳонӣ |
Падар | Ҳоҷӣ Давлат Ибронов |
Модар | Саъбагул Ибронова |
Ҳоҷӣ Мирзо (Ибронов Мирзомурод Давлатович; 22 сентябри 1967, Кӯлоб, Тоҷикистон) — рӯҳонӣ, воъизи шинохтаи тоҷик. Ширкаткунандаи рафъи хисороти садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил (1986—1987). Имомхатиби масҷиди ҷомеи маҳаллаи «Ҳилоли аҳмар»-и шаҳри Кӯлоб (2000—2010).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ибронов Мирзомурод Давлатович 22 сентябри соли 1967 дар маҳаллаи Кӯҳдоман (ҳоло кӯчаи «Ҳилоли аҳмар»)-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Падари Ҳоҷӣ Мирзо Ҳоҷӣ Давлат ном дошта, аз байни дигар фарзандонаш (шаш духтару се писар) танҳо Ҳоҷӣ Мирзо роҳи илм ихтиёр менамояд ва дар ҷодаи воизӣ яке аз шахсиятҳои барҷастаи ҷумҳурӣ мегардад. Силсилаи шаҷараномаи насабии ӯ аз ҷониби падар ба Домулло Ҳикматуллоҳи Ришдарози Кушёни Сарихосори вилояти Хатлон ва аз ҷониби модар ба эшонҳои Бешмуллои Ховалинг мерасанд. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.
Таҳсилот
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳоҷӣ Мирзо соли 1974 ва дар синнӣ 7-солагӣ ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 9 шаҳри Кӯлоб қадам гузошта, соли 1984 таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумиро дар ҳамон мактаб ба анҷом мерасонад. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна аз соли 1984 то 1985 ба муддати як сол дар Омӯзишгоҳи муҳосибии шаҳри Кӯлоб таҳсил мекунад.
Хидмати ҳарбӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳоҷӣ Мирзо аз соли 1985 то 1986 ба муҳлати 1 сол дар шаҳри Киеви Украина дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат карда, 26 апрели соли 1986 вақте дар Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил садама рух медиҳад, ӯ низ дар қатори зиёда аз 600 ҳазор нафар барои рафъи хисорот ва зарарҳои таркиш ба он ҷо интиқол дода мешавад. Дар ин минтақа, як соли дигар, яъне то соли 1987 ва замони анҷоми муҳлати хидмати ҳарбиаш адои хидмат мекунад.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1987 ба зодгоҳаш баргашта, худи ҳамон сол дар корхонаи «Хӯроки умумӣ»-и шаҳри Кӯлоб дар вазифа ҳисобчӣ ба кор медарояд. Инчунин дар боғи ботаникии ба номи «Тилло Бобоев» ва корхонаи гулпарварии шаҳри Кӯлоб низ ба муддатҳои гуногун кор кардааст.
Таҳсилоти динӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳоҷӣ Мирзо таҳсилоти диниашро аз соли 1980 то соли 1985 бо роҳнамоии модараш дар назди рӯҳонии шинохта Сомеъ Одиназодаи Хатлонӣ, маъруф ба домулло Ширифи Кӯлобӣ ва фарзандонаш, ки дар ҳамсоягиашон зиндагӣ мекарданд, оғоз кардааст. Ҳоҷӣ Мирзо дар ин 5-сола китобҳои таҷвид, «Гулистон»-у «Бӯстон»-и Саъдӣ, «Куллиёт»-и Ҳофиз, осори Бедил, «Чаҳор китоб», «Фарзи айн» ва дигар китобҳои мазҳабие, ки хондани онҳо байни рӯҳониён роиҷ буд, аз бар кардааст. Инчунин, баъд аз он ҳам муносибатҳои ҳасана ва шогирдонаи Ҳоҷӣ Мирзо бо Домулло Шарифи Кӯлобӣ то замони вафоти устодаш дар соли 1996 мустаҳкам боқӣ мондаанд.
Аз соли 1990 то 1995 бо тавсияи устодаш Домулло Шарифи Кӯлобӣ ба назди Домулло Маҳмадуллоҳи Кӯлобӣ рафта, аз илми ҳадис китобҳои «Риёз-ус-солиҳин», «Саҳеҳи Бухорӣ», «Ҳадиси усурӣ» (шарҳи чил ҳадис), аз илми фиқҳ китобҳои «Мухтасар-ул-виқоя», «Шарҳ-ул-виқоя» ва «Ҳидояи шариф», аз илми ақида китобҳои «Фиқҳи акбар», «Ақидаи Мулло Ҷалол» ва «Ақоиди Насафӣ», аз адабиёт асарҳои Саъдии Шерозӣ «Бӯстон» ва «Гулистон», аз фанни забони арабӣ китоби «Мабда-ул-қироат» ва сарфу наҳви забони арабиро омӯхтааст.
Ҳоҷӣ Мирзо соли 1995 ба Ҷумҳурии Исломии Покистон рафта таълимоташро дар Донишгоҳи байналмилалии исломии исломободи Покистон то соли 2000-ум такмил медиҳад. Баъд аз он ба зодгоҳаш баргашта, дубора барои муколамаи дарсҳо назди устодаш Домулло Маҳмадуллоҳ меравад.
Фаъолияти динӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳоҷӣ Мирзо аз соли 2000 соли 2010 ба муддати наздик ба 10 сол дар масҷиди ҷомеи маҳаллаи «Ҳилоли аҳмар»-и шаҳри Кӯлоб имомхатиб шуда кор мекард ва даврони шукӯфоии илмӣ ва шуҳратёр шуданаш низ аз минбари ҳамин масҷид оғоз шудааст. Ҳоҷӣ Мирзо дар ин муддат тавонист, ки бо мавъизаҳояш болои ҷавонони ин минтақа таъсир гузорад ва ҳамчунин мардуми зиёдеро ба худ ҷалб кунад. Яке аз сабабҳои тезтар маъруф шуданаш ин буд, ки дар рафти маъвизаҳояш ба суолҳои мардум самимона посух мегуфт.
Ҳоҷи Мирзо дар расонаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳоҷӣ Мирзо яке аз чеҳраҳои тобноктарини матбуоти даврии тоҷик ва бурунмарзӣ буда, аз ҷониби ҳафтаномаҳои ватанӣ чандин маротиб воиз ва рӯҳонии сол эълом гаштааст. Масалан, ҳафтаномаи «Нигоҳ» Ҳоҷӣ Мирзоро соли 2010 «Рӯҳонии сол»[1] ва соли 2011 «Рӯҳонии пешсаф» эълом дошта, соли 2008 дар рейтинги амри маъруф аз байни 7 воизи шинохта ҷойи дувум ва дар рейтинги амри маъруфи соли 2009 аз байни 10 воизи маъруф ба Ҳоҷӣ Мирзо ҷойи якумро сазовор дидааст. Ахиран, ҳафтаномаи «Нигоҳ» соли 2015 чеҳраҳои соли 2014-ро зери унвони «Чеҳраҳои сол аз Наврӯз то Наврӯз» нашр намуд, ки Ҳоҷӣ Мирзо «рӯҳонии сол» интихоб гардид[2].
Ҳафтаномаи дигари ватанӣ — «Миллат» бошад, Ҳоҷӣ Мирзоро соли 2008 «Воизи сол»[3] эълом ва соли 2009 ҳафтаномаи «Озодагон» Ҳоҷӣ Мирзоро «Қаҳрамони матбуот» ба қалам додааст.
Дар сафҳаи «Чеҳраи сол дар ИҶШС» Ҳоҷӣ Мирзо низ ҳамчун чеҳраи соли ҳафтаномаи «СССР» оварда шуда[4], инчунин, дар сафҳаҳои «Мо ва дӯстони мо» акси Ҳоҷӣ Мирзо низ дар баробари дигар шахсиятҳои шинохтаи тоҷик ҷой дода шудааст.
Сомонаи «Радиои Озодӣ» 19 апрели 2012 мақолае бо унвони «100 шахси таърихӣ: Аз Амир Олимхон то Бозор Собир» нашр намуд, ки Ҳоҷӣ Мирзо дар рӯйхати шахсони таърихӣ дар ҷойи 68-ум қарор дорад[5].
Сомонаи дигари интернетӣ www.toptj.com бо нашри як мақола бо унвони «ТОР-20: кто они, самые влиятельные люди Таджикистана?» Ҳоҷӣ Мирзоро ҳамчун намоянда аз рӯҳониёни тоҷик дар баробари Саидмукаррам Абдуқодирзода ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ дар феҳристи шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон ворид намудааст[6].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Чеҳраҳои мардумии соли 2010. // Нигоҳ. № 40 (211), 22.12.2010, саҳ. 9.
- ↑ Чеҳраҳои сол — аз Наврӯз то Наврӯз. // Нигоҳ. № 51 (433), 18.03.2015, саҳ. 2-3.
- ↑ Чеҳраҳои мондагор. // Миллат. № 53 (174), 30.12.2008, саҳ. 8-9.
- ↑ Чеҳраи сол дар ИҶШС. // СССР. № 1 (330), 01.01.2015, саҳ. 12.
- ↑ 100 шахси таърихӣ: Аз Амир Олимхон то Бозор Собир
- ↑ Сайфиддин Караев, Фируз Умарзода. ТОР-20: кто они, самые влиятельные люди Таджикистана?. 7 Декабри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Декабри 2017.
Маводи видеоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мирзоҷон Ибромов (Ҳоҷӣ Мирзо) — Зиндагонии ҳазрати Абубакри Сиддиқ
- Ҳоҷӣ Мирзо — 10 Насиҳати Модар бо духтар
- Ҳоҷӣ Мирзо — Саволу ҷавоб-192
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибромов Мирзоджон Бойгонӣ шудааст 19 марти 2017 сол.
- Муъмин Аҳмадӣ. Мусулмонӣ дар Амрико аз нигоҳи Ҳоҷӣ Мирзо
- Нигоҳ: «Аз Наврӯз то Наврӯз» — чеҳраҳои сол(пайванди дастнорас)
- Радио «Муходжир» каждую пятницу будет вещать «амри маъруф» для борьбы с экстремизмом(пайванди дастнорас) ва http://islamnews.tj Бойгонӣ шудааст 9 Декабри 2016 сол.
- Халилиён. Агар Ҳоҷӣ Мирзо дар минбар мебуд(пайванди дастнорас)
- Саволу ҷавоб бо Ҳоҷӣ Мирзо
- Ҳоҷӣ Мирзо чӣ мегӯяд?(пайванди дастнорас)
- Аҳмади Иброҳим, Сайид Муҳаммад. Лоиҳаи салафӣ Ҳоҷӣ Мирзо ва Эшони Сироҷиддин(пайванди дастнорас) ва http://s1.news.tj/tj/node/3929 Бойгонӣ шудааст 26 апрели 2017 сол.
- Абдуқаюми Қаюмзод. Барканориҳо. Аз Ҳоҷӣ Мирзо то Мулло Абдураҳим
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Чеҳра: Ҳоҷӣ Мирзо Бойгонӣ шудааст 25 октябри 2016 сол. — TOJNEWS
- Масъудҷон Ғафурӣ. Ҳоҷӣ Мирзо кист? // Самак. № 21 (185), № 22 (186), № 23 (187), № 24 (186), № 25 (189), № 26 (190), № 27 (191), аз 20.05.2015 то 01.06.2015
- С. Халилиён. Ҳоҷӣ Мирзо дар Чернобил!!! // Фараж. № 30 (84), 24.07.2008, саҳ. 12.