Ҳумоми Табрезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ҳумоми Табрезӣ
Навъи фаъолият:

ғазалсаро

Санаи таваллуд:

1238

Зодгоҳ:

Табрез

Мамлакат:
Санаи марг:

1314

Ҳумоми Табрезӣ - Ҳумомиддин ибни Аълои Табрезй яке аз ғазалсароёни хуби форсу-тоҷик буда, муосири Саъдии Шерозй мебошад. Ӯ дар Табрез таваллуд шуда, чанд гоҳе дар Озарбойҷон вазир будааст. Ҳумом ба забонҳон тоҷикӣ-форсӣ ва арабӣ шеър менавиштааст. Девони ғазалиёти вай қариб ду ҳазор байт дорад. Ӯ "Сӯҳбатнома" ном манзумае низ доштааст. Ҳумом 25 сафари санаи 714 ҳиҷрӣ 3 Июни соли 1314 дар 78-солагӣ вафот кардааст. Аммо ба ақидаи Э. Броун Ҳумоми Табрезӣ дар синни 116-солагӣ вафот кардааст.

Махмуд писари Фаридун Хумоми Табрези шоири асри хаштум хичри дар Эрон аст. У дар ғазал аз худ тавоноии бисёр нишон дод. Хумом шадидаро дустдори Саъди Шерози буд ва бо у мукотиба дошт ва бино бар бархи ёддоштхо хангоме, ки Саъди ба Озорбойчон сафар кард бо Хумом низ дидор дошт. Шумораи аз ғазалиёти у бар майнаи ғазалҳои аз Саъди, бар хамон вазн ва кофия ва радиф сохта шудаанд

Ҳумом ва забони Озари[вироиш]

Табрези ба забони бумии он замони Табрез ва Озарбойчон яъне Забони Эронии Озари низ ашъор ва адабиёт дорад

Ғазалиёт[вироиш]

A3 ҒАЗАЛИЕТ

Насими субх, меояд зи куй дилситони мо,
Бар он боди абирафшон барафшонем ҷони мо.
Чу мо бо дарди муштоқӣ бурун рафтем аз олам,
Миёни дӯстон умре бимонад достони мо.
Биҳищту хур мебошад муроди мардум аз тоат,
Вале дидори ёр омад биҳишти ҷовидони мо.
Дар ин вайрона зоронро бувад унсе зи нодонй,
Ба Қофи кӯрб мезебад чу Симурғ ошёни мо.
Ба чон бишнав ҳар он маъни, ки аз лафзи Ҳумом ояд,
Ки бӯи ҷон ҳамеояд зи назми дӯстони мо.
Ба он ки баршикасти чун зулфи хеш моро,
Гуфтанд адаб набошад паймошикан нигоро.
Хастанд подшохон пеши дарат гадоён,
Бингар чй кадр бошад дарвеши бенаворо.
Аз чашми ман нигохи,эй оби зиндагони
Васлат муносиб омад симургу кимиёро
З - он лаб саломи моро нашнидаам чавобе,
Бегона мешумори ёрони ошноро.
Чашми ту рехт хунам, шарм оядам,ки гуям
Аз бахри нимчоне бо дуст мочароро.
Суи Хумом бингар боре ба чашми эхсон,
Бо банда илтифоте расм аст подшоро
Руят ба хар анчуман дарег аст,
Сарви ту ба хар чаман дарег аст.
Чое ки сухан равад зи руят ,
Васфи гулу настаран дарег аст.
Дар дасти насими субхгохи
Он зулфи пур аз шикан дарег аст.
Касро нарасад хадиси он лаб,
К-он худ ба забони ман дарег аст.
Андоми латифу нозуки дуст
Дар сухбати перахан дарег аст.
Васфи лаби хеш хештан гуй
Дар хар дахан он сухан дарег аст
Шахре чу Хумом агар бимиранд,
Як пурсиш аз он дахан дарег аст


Зи чонон мехру аз мо чонфишонист,
Чавоби мехрубони - мехрубонист.
Хаме гуяд лабаш , к-инак ману ту,
Гарат савдои оби зиндагнист.
Ту он шамъи, ки чон парвонаи туст,
Киро парвои шамъи осмонист.
Дами Исо ба анфосат чи монад,
К-аз ин хосил хаёти човидонист.
Хумоми мехрубонро аз лабат хам
Насибе хасту он ширинзабонист.
                                                                                                 *    
Хусни туро мамолики дилхо мусаххар аст,
Мукбили касе, ки васли ту уро муяссар аст.
Чашму дил аз мушохидаат бенасиб нест,
Накшад чу бар сахифаи чонам мусаввар аст.
Гулзор чун бихишт шавад фасли навбохор
Чонам фидои он ки аз ин хар ду хуштар аст.
Дар чони найшакар набувад он халовате.
К-андар лабу хадису дахони ту музмар аст.
Аз бандагит дураму чон бо ту дар хузур,
Чое ки нест хивати чон чашм бар дар аст.
Дуст он дораду он аст, ки чон мебахшад,
Мехрубони ба дили ахли дил он мебахшад.
Сифати руи дилором кунем, к-у дорад
Он малохат, ки халоват ба забон мебахшад.
Оташи ишки туям дод хаёте бех аз он-к
Оби Алванд ба хоки Хамадон мебахшад.
Чашму абру туро гу, ки ба нахчир марав.
Сайд худ руй бар он тиру камон мебахшад.
                                                                                                 *    
Ёд бод, он рохати чон ёд бод,
Ошиконро ахли чонон ёд бод.
Чун тамошоро ба сарвистон равем,
Кадди он сарви хиромон ёд бод.
Гучаҳои гул чу ояд дар назар,
Он лаби ширини хандон ёд бод.
Равшани, к-аз рӯзи васлаш ёфтам,
Дар шаби торики хичрон ёдбод.
Мехр бо руяш ба чон варзидаанд,
Мерубонро мехрубонон ёд бод.
  • * *
Дардмандонро зи буи дуст нармон мерасад,
Муждаи фарзанд пеши пири Канъон мерасад.
Юсуфи Канъони аз зиндон хамеёбад халос,
Хотами давлат ба ангушти Сулаймон мерасад.
Чашм равшан мешавад чунсубхи давлат мерасад,
В-ин шаби торики зулмони ба поён мерасад.
Медурахшад абру мегуяд замини мурдаро,
Тозаву сероб хохи шуд, ки борон мерасад.
Хамчу султони набуватро зи анфоси Увайс,
Чони моро рохати аз буи чонон мерасад.
Ин насими хушнафас в-осоиши чони Хумом,
Аз губори манзили у анбарафшон мерасад.


Чист давлат?-Сухбати сохибдилон дарёфтанд,
Ё хузури дустони мехрубон дар ёфтанд.
Сояҳои бед бар оби равон фасли бахор,
Дар миёни бустон бо дустон дарёфтанд.
Аз мухаббат боз чонро куввати парвоз бахш,
То бар у осон намояд ошён дарёфтанд...
Руи чононро замину осмон оинаанд,
Ку назар, то акси руяшро тавон дарёфтан?
Эй Хумом, аз нури руи у агар бино шави,
Олами чонро тавони з-ин ҷаҳон дарёфтан.

Пайвандҳои беруна[вироиш]

[1] [2]