Ҳупӣ-ҳупӣ
Зоҳир
Ҳупӣ-ҳупӣ — як навъ бозии бачагона.
Бачаҳо гирди ҳам сари зону дар замин менишастанд ва тоқиҳои худро дар пешашон рӯ ба боло мегузоштанд. Сипас як нафарро сардор интихоб мекарданд ва ӯ нахуст шуда амали тоқибардориро сар мекард. Сардор дастҳояшро ба пушташ бурда, тоқияшро аввал, лабҳо, сипас бо дандон ва ниҳоят бо сараш аз замин мебардошт. Дигарон ҳама аз қафои ӯ ин амалҳоро такрор мекарданд. Дар вақти хам шуда, тоқиро бардоштан сардор ба бачаҳо нигоҳ карда мегуфт: “ҳупӣ-ҳупӣ, ана ита ҳупӣ”. Ҳар касе, ки дер монад, ё тоқиро бардошта наметавонист, ҷарима мешуд. Дар Рашт, Дарвоз нимфаъол аст.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]1. Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Д., Вып. 3, 1976.
2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик Ҷ.2. Д., 2016.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 200