Ҳуснигул Талбакова
Таърихи таваллуд | 24 декабр 1943 (80 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Темурмалик, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фиолология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Ҳуснигул Талбакова — номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Талбакова Ҳуснигул аз соли 1966 то соли 1967 – лаборанти кафедраи забони тоҷикӣ. Солҳои 1967-1972 ассистенти кафедра. Солҳои 1973-1976 аспиранти кафедраи забони тоҷикӣ. Соли 1978 Ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Хусусиятҳои лексикӣ ва фразеологии «Маъвои дил»-и Р. Ҷалил». Аз соли 1983 то ҳол дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ. Дар давоми фаъолияти илмии омӯзгорӣ зиёда аз 70 мақола ва барои донишҷӯён маводи илмию методии худро дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо ва маҷмӯаҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ ба табъ расонидааст. Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», медалҳои «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шарафи модарӣ» ва инчунин чандин ифтихорномаҳои ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Лексикаи забони адабии тоҷик.- Душанбе, 1977, бо ҳаммуалифӣ.
- Вожашиносии забони адабии тоҷик.- Душанбе: 1999.- 101 с. (бо ҳаммуалифӣ).
- Луғати антонимҳои забони адабии тоҷик.- Душанбе, 2000, 101 с.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ, Ҳуснигул Талбакова(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 24 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 сентябри 2020.