Ҳуқуқвайронкунии байналмилалӣ
Зоҳир
Ҳуқуқвайронкунии байналмилалӣ — рафтори зиддиҳуқуқии (ҳаракат ё беҳаракатии) субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, ки шартнома ва одатҳои байналмилалиро вайрон мекунад, зарари худро ба субъект ва субъектон, ё ин ки ба тамоми башарияти ҷаҳон мерасонад. Ҳуқуқвайронкунии байналмилалӣ ба ҷиноятҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо ҷудо мешаванд. Ба ҷиноятҳои вазнини байналмилалӣ ҷиноятҳо ба муқобили сулҳ, бехатарӣ ва инсоният дохил мешаванд.
Субъектҳои ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои байналмилалӣ давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони воқеӣ мебошанд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - C. 520
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |