Jump to content

Ҳуқуқҳои шахсии ҳамсарон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳуқуқҳои шахсии ҳамсарон — муносибатҳои ҳуқуқии шахсӣ чунин муносибатҳое мебошанд, ки дар асоси аз тарафи ҳамсарон ҳангоми бастан ё бекоркунии никоҳ, ҳаллу фасли якҷояи масъалаҳои ҳаёти оилавй, интихоби озодонаи машғулият, касб ва ҷои истиқомат, розигӣ додан ба фарзандхонӣ, ҳалли масъалаҳои бекоркунии никоҳ ва ғайра ба вуҷуд меоянд. Ҳуқуқҳои шахсӣ аз лаҳзаи бастани никоҳ ба вуҷуд омада, ҳангоми вафот қатъ мешаванд. Онҳоро бо созиши тарафҳо қатъ кардан ё тағйир додан мумкин нест. Ҳуқуқ ва вазифаҳои шахсии ҳамсарон асосан инҳоянд:

  1. ҳуқуқи интихоби фамилия;
  2. ҳукуқи интихоби машғулият ва касбу ҳунар;
  3. ҳуқуқи интихоби ҷои истиқомат;
  4. ҳуқуқҳо оид ба ҳалли масъалаҳои ҳаёти оилавӣ ва тарбияи фарзандон;

Бояд қайд намуд, ки ба ҳуқуқҳои шахсии ҳамсарон хукуқ ба талоқ, ҳуқуқи додани розигӣ ҳангоми фарзандқабулкунӣ аз тарафи ҳамсари дигар ва ғайра низ дохил мешаванд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 534