Jump to content

ҶДММ “Ситораи тоҷ” ва ҶДММ “Лидер”

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ “Ситораи тоҷ” ва ҶДММ “Лидер” — дар шаҳри Хуҷанд вилояти Суғд вокеъ аст.

Таърихи ифтитоҳи коргоҳҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

9 сентябри соли 2024 дар рӯзи таҷлил аз 33 - юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ду корхонаи нави саноатӣ – ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ситораи тоҷ” ва “Лидер”-ро, ки ҳар ду дар як бино ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд. Корхонаҳои дӯзандагӣ дар доираи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ ва амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шуда, дар он 900 нафар дар ду баст ба кор таъмин гардидаанд.

Дар корхонаи мазкур барои духти сару либоси махсус ва ягонаи корӣ 360 мошинаи дӯзандагӣ ворид ва насб карда шуда, дар он 350 нафар занону духтарони хонашин дар як баст пас аз омӯзиши нозукиҳои ин ҳунар соҳиби кор шуданд. Корхонаи “Ситораи тоҷ” бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо сифати баланду ҷавобгӯи талаботи меъморӣ сохта шуда, дар як сол имкон дорад то 120 ҳазор маҷмуъ сару либоси махсус ва ягонаи корӣ ва зиёда аз 1 миллион сару либоси трикотажиро дар асоси дархост омода намуда, ба бозор пешниҳод намояд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Лидер”, ки дар шафати корхонаи “Ситораи тоҷ” ҷойгир аст, дар асоси талаботи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсоли шимҳои маъруфи ҷинсро бо бренди “Ҷадид” (JADID) ба роҳ мондааст, ки 99 фоизи таркиби матои он аз пахта аст. Азбаски шимҳои ҷинс ва дигар либосҳои пахтагӣ дар ҷаҳон харидорони зиёд дорад, соҳибкорони ватанӣ талош доранд, ки бо бунёди корхонаҳои нав ва ворид кардани технологияи муосир маҳсулоти ватаниро бо тамғаи “Мейд ин Таҷикистан” (Made in Tajikistan) дар хориҷи кишвар бештар муаррифӣ намоянд. Дар ин корхонаи навтаъсис занону духтарон, ки 200 нафарро дар ду баст ташкил медиҳанд,ба пора кардани матоъи навъи Деним ва духти он машғуланд ва маоши хуб мегиранд. Коргарону мутахассисони корхонаи дӯзандагии “Лидер” ашёи хомро аз корхонаҳои ватанию хориҷӣ дастрас карда, бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ имкон доранд, ки дар як рӯз то 800 дона шим омода намоянд.Дар корхонаи мазкур барои духти сару либоси махсус ва ягонаи корӣ 360 мошинаи дӯзандагӣ ворид ва насб карда шуда, дар он 350 нафар занону духтарони хонашин дар як баст пас аз омӯзиши нозукиҳои ин ҳунар соҳиби кор шуданд. Корхонаи “Ситораи тоҷ” бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо сифати баланду ҷавобгӯи талаботи меъморӣ сохта шуда, дар як сол имкон дорад то 120 ҳазор маҷмуъ сару либоси махсус ва ягонаи корӣ ва зиёда аз 1 миллион сару либоси трикотажиро дар асоси дархост омода намуда, ба бозор пешниҳод намояд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Лидер”, ки дар шафати корхонаи “Ситораи тоҷ” ҷойгир аст, шинос шуданд. Корхонаи мазкур дар асоси талаботи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсоли шимҳои маъруфи ҷинсро бо бренди “Ҷадид” (JADID) ба роҳ мондааст, ки 99 фоизи таркиби матои он аз пахта аст. Азбаски шимҳои ҷинс ва дигар либосҳои пахтагӣ дар ҷаҳон харидорони зиёд дорад, соҳибкорони ватанӣ талош доранд, ки бо бунёди корхонаҳои нав ва ворид кардани технологияи муосир маҳсулоти ватаниро бо тамғаи “Мейд ин Таҷикистан” (Made in Tajikistan) дар хориҷи кишвар бештар муаррифӣ намоянд. Дар ин корхонаи навтаъсис занону духтарон, ки 200 нафарро дар ду баст ташкил медиҳанд,ба пора кардани матоъи навъи Деним ва духти он машғуланд ва маоши хуб мегиранд. Коргарону мутахассисони корхонаи дӯзандагии “Лидер” ашёи хомро аз корхонаҳои ватанию хориҷӣ дастрас карда, бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ имкон доранд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]