Ҷумҳурии мухтор
Ҷумҳурии мухтор, ҷумҳурии худмухтор, ҷумҳурии автономӣ, республикаи автономӣ (русӣ: Автономная республика) – шакли мухторияти давлатӣ (вилоятӣ, сиёсӣ, миллӣ-ҳудудӣ) дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъзе дигар давлатҳо ва кишварҳо.
Ҷумҳуриҳои мухтор дар Иттиҳоди Шӯравӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1964 то декабри соли 1991 ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ (ИҶШС) 20 ҷумҳурии (худ)мухтори шӯравии сотсиалистӣ ҳамчунин: республикаи автономии советии сотсиалистӣ, ҷумҳурии автономии шӯравии сотсиалистӣ (рус.: Автономная советская социалистическая республика; ихтис. АССР; тоҷ.: ҶМШС/РАСС/ҶАШС/ҶХШС) дохил мешуданд.
Ҷумҳуриҳои мухтори шӯравии сотсиалистӣ - ҷумҳуриҳои худидоракунии шӯроҳо, ки як шакли мухторияти ақаллиятҳои миллие мебошад, ки дар қаламрави Иттифоқ истиқомат мекунанд. Конститутсияҳои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ сиёсати ҳуқуқи миллатҳо ва халқҳоро ба худмуайянкунӣ собитқадамона амалӣ намуда, бо қарори съездҳои шӯроҳои худ ва бо тасдиқи мақомоти олии ҷумҳурии дахлдори иттифоқӣ ҳуқуқи миллатҳои алоҳида барои ҷудошавиро муқаррар мекунанд [1].
Ҳамаи ҶМШС дар ИҶШС ба ҷуз аз забони русӣ, забони давлатии худро доштанд
Дар РСФСР:
- ҶМШС Бошқирдистон – ҳоло Ҷумҳурии Бошқирдистон,
- ҶМШС Бурятия – ҳоло Ҷумҳурии Бурятия,
- ҶМШС Доғистон – ҳоло Ҷумҳурии Доғистон,
- Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Кабардино-Балқар – ҳоло Ҷумҳурии Кабардину Балқар,
- ҶМШС Калмикия – ҳоло Ҷумҳурии Калмикия,
- ҶМШС Карелия – ҳоло Ҷумҳурии Карелия,
- ҶМШС Коми – ҳоло Ҷумҳурии Коми,
- ҶМШС Қрим аз соли 1921 то 1945 – ҳоло Ҷумҳурии Қрим (де-факто),
- ҶМШС Марий – ҳоло Ҷумҳурии Мари Эл,
- ҶМШС Мордовия – ҳоло Ҷумҳурии Мордовия,
- ҶМШС Немисҳои Поволожйе – имрӯзҳо вуҷуд надорад (1923-1941),
- ҶМШС Осетияи Шимолӣ – ҳоло Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ-Алания,
- ҶМШС Тотористон – ҳоло Ҷумҳурии Тотористон,
- ҶМШС Тува – ҳоло Ҷумҳурии Тува,
- ҶМШС Туркистон – ҳоло вуҷуд надорад (1918-1924),
- ҶМШС Удмуртия – ҳоло Ҷумҳурии Удмуртия,
- Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Чечен-Ингушетия – 9 январи соли 1993 ба Ҷумҳурии Чеченистон ва Ҷумҳурии Ингушетия тақсим карда шуд,
- ҶМШС Чувашия – ҳоло Ҷумҳурии Чувашия,
- ҶМШС Якутия – ҳозир Ҷумҳурии Саха (Якутия).
Дар ҶШС Гурҷистон:
- ҶМШС Абхазистон ҳоло Ҷумҳурии Мухтори Абхазистон аст (аз ҷониби ҷумҳурии қисман эътирофнашудаи Абхазия назорат карда мешавад).
- ҶМШС Аҷария - ҳозир Ҷумҳурии Мухтори Аҷараия
Дар ҶШС Озарбойҷон:
- ҶМШС Наҳҷувон - ҳозира Ҷумҳурии Мухтори Наҳҷувон
Дар ҶШС Ӯзбекистон:
Дар ҶШС Украина:
- ҶМШС Молдавия (1924-1940)
- ҶМШС Қрим аз моҳи феврали соли 1991
Ҷумҳуриҳои мухтори шӯравии сотсиалистӣ (ҶМШС) нисбат ба вилоятҳои мухтор ва округҳои мухтор мақоми баландтар доштанд. Масалан, аз онҳо 11 нафар вакилон ба Шӯрои Миллатҳои Шӯрои Олии ИҶШС интихоб мешуданд, дар ҳоле ки аз вилоятҳои мухтор - 5 нафар, аз округҳои мухтор - 1 нафарӣ. Раиси Шӯрои Вазирони ҶМШС аз руи вазифа аъзои Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии иттифоқӣ мегардид.
Дар ҳоле, ки Ҷумҳуриҳои мухтор нисбат ба ҷумҳуриҳои иттифоқӣ мақому ваколати камтар доштанд. Онҳоро расман субъектҳои ИҶШС ҳамчун федератсия ҳисоб намекарданд, хусусиятҳои давлати соҳибихтиёрро надоштанд (ба монанди ҷумхурии иттифоқӣ), онҳо на танҳо ҳуқуқи ҷудо шудан аз ИҶШС, балки инчунин ҳуқуқи гузаштан аз як ҷумҳурии иттифоқӣ ба ҷумҳурии дигарро надоштанд.
Дар давраи ислоҳоти сиёсӣ, ки бо равандҳои таҷдид ва демократикунонии ҷомеа ва суқути минбаъдаи ИҶШС дар солҳои 1990-1991 алоқаманданд, як қатор мухториятҳо ва давлатҳои худхонда (Приднестровӣе, Осетияи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Мухтори Наҳҷувон, Тотористон, Гагаузия, Қрим) барои худ кӯшиш намуданд, ки мақоми ҷумҳурии иттифоқиро соҳиб шаванд ва сипас ба Иттиҳоди Давлатҳои Соҳибихтиёр дохил шаванд. Баъзе таърихшиносон чунин мешуморанд, ки раванди имзои Шартномаи нави Иттифоқӣ барои ба даст овардани мақоми ҷумҳуриҳои иттифоқӣ аз ҷониби мухториятҳо равона карда шудааст, ки ба онҳо имконият додааст, ки ба таври қонунӣ истиқлол ба даст оранд.
24 майи соли 1991 оид ба номҳои Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ тағирот ба Конститутсияи РСФСР қабул карда шуд - аз онҳо калимаи "мухтор" хориҷ карда шуд ва "ҳамчун қисми РСФСР" [2] илова карда шуд, ки ин хилофи моддаи 85 Конститутсияи ИҶШС буд [3].
Дар ҳоле, ки барои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ҳуқуқи ҷудошавӣ аз ҷониби Конститутсияи ИҶШС дар соли 1977 эълон шуда буд [4], субъектҳои мухтор аз ИҶШС баромада наметавонистанд, зеро ҷойгиршавии онҳо дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ мустақиман нишон дода шудааст, ки конститутсияҳои онҳо ба онҳо ҳуқуқи баромаданро намедод.
Соли 1992, пас аз шаш моҳи фурӯпошии ИҶШС, ҷумҳуриҳои Русия созишномаи нави федеративирро имзо карданд (ба истиснои Чеченистону Ингушетия ва Тотористон) ва мутобиқи Конститутсияи Федератсияи Русия дар соли 1993 онҳо тобеи Федератсияи Русия шуданд.
Таркиби миллии ҶМШС
[вироиш | вироиши манбаъ]халқ | халқи афзали ҶМШС % | халқи афзали ҶШС % | ғайра % | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
ҶМШС | 1959 | 1970 | 1979 | 1989 | 1959 | 1970 | 1979 | 1989 | номи миллати дигар | 1959 | 1970 | 1979 | 1989 |
ҶМШС Абхозистон | 15,12 | ▲15,87 | ▲17,09 | ▲17,76 | 39,09 | ▲40,99 | ▲43,89 | ▲45,68 | |||||
ҶМШС Аҷария | |||||||||||||
ҶМШС Бошқирдистон | ▲22,08 | 24,3 | ▼ 21,9 | ▲42,44 | 40,3 | ▼ 39,2 | тоторҳо | ▼23,00 | 24,5 | ▲ 28,4 | |||
ҶМШС Бурятия | ▼20,17 | ▼19,0 | ▲23,0 | ▲ 24,0 | ▲74,64 | ▲76,5 | ▼72,1 | ▼ 69,9 | |||||
ҶМШС Доғистон | 86,0 | 11,0 | ▼ 9,2 | ||||||||||
ҶМШС Қабардину Болқар | ▲45,29 | ▼45,0 | ▲45,6 | ▲ 52,2 | ▲38,70 | ▼37,2 | ▼35,1 | ▼ 31,9 | болқарҳо | ▼8,11 | ▲8,7 | ▲9,0 | ▲ 9,4 |
ҶМШС Калмикия | 35,10 | ▲41,4 | ▲ 45,3 | 55,91 | ▼42,7 | ▼ 37,6 | |||||||
ҶМШС Қарақалпоқистон | 30,58 | ▲30,97 | ▲31,12 | ▲32,10 | ▲28,78 | ▲30,27 | ▲31,52 | ▲32,82 | қазоқҳо | 26,24 | ▲26,49 | ▲26,94 | ▼26,29 |
ҶМШС Карелия | ▼13,12 | ▼11,1 | ▼ 10,0 | ▲63,37 | ▲71,32 | ▲71,3 | ▲ 73,6 | ||||||
ҶМШС Коми | ▼30,40 | ▼28,6 | ▼25,3 | ▼ 23,3 | ▲48,37 | ▲53,1 | ▲56,7 | ▲ 57,7 | |||||
ҶМШС Қрим | русҳо | ||||||||||||
ҶМШС Марий | ▼43,15 | ▲43,7 | ▼43,6 | ▼ 43,3 | ▲47,79 | ▼46,9 | ▲47,6 | ▼ 47,4 | |||||
ҶМШС Мордовия | ▲35,79 | ▼35,42 | ▼34,2 | ▼ 32,5 | ▼59,04 | ▼58,94 | ▲59,7 | ▲ 60,83 | |||||
ҶМШС Наҳҷувон | |||||||||||||
ҶМШС Осетияи Шимолӣ | 47,82 | ▼42,59 | ▲47,28 | ▲ 52,9 | 39,65 | ▼32,00 | ▼34,0 | ▼ 29,9 | |||||
ҶМШС Тотористон | ▼47,19 | ▲49,1 | ▼47,7 | ▲ 48,4 | ▲43,94 | ▼42,4 | ▲44,0 | ▼ 43,2 | |||||
ҶМШС Тува | ▼57,0 | ▲58,6 | ▲60,4 | ▲ 64,3 | ▲40,1 | ▼38,3 | ▼36,2 | ▼ 32,0 | |||||
ҶМШС Удмуртия | ▼35,60 | ▼34,2 | ▼32,2 | ▼ 30,9 | ▲56,75 | ▲57,1 | ▲58,3 | ▲ 58,9 | |||||
ҶМШС Чеченистону Ингушетия | 34,3 | ▲47,8 | ▲52,9 | ▲ 57,8 | 49,0 | ▼ 34,5 | ▼ 31,7 | ▼ 23,1 | ингушетиҳо | 6,8 | ▲12,0 | ▼ 11,7 | ▲12,9 |
ҶМШС Чувашия | ▼70,17 | ▼68,4 | ▼ 67,7 | ▲24,02 | ▲26,0 | ▼ 26,6 | |||||||
ҶМШС Якутия | ▼46,38 | ▲36,9 | ▼ 33,4 | ▲44,18 | ▲50,5 | ▼ 50,3 |
Эзоҳ: Дар сутуни "Дигарон" халқҳое номбар шудаанд, ки дуввумин аз рӯи шумораи аҳолии таҳҷоӣ дар ҷумҳуриҳои думиллата мебошанд.
Кӯшишҳои ноком барои сохтани ҶМШС
[вироиш | вироиши манбаъ]Республикаҳои автономӣ дар дигар мамлакатҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Таърихӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дар даруни Ветнам :
- Ҷумҳурии Мухтори Кохинхин (солҳои 1946-1948 вуҷуд дошт)
- Дар дохили Албания :
- Ҷумҳурии Мухтори Эпири Шимолӣ (аз 28 феврали 1914 то 27 октябри 1914 вуҷуд дошт)
Дар кишварҳои муосири пасошӯравӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дар дохили Озарбойҷон :
- Дар доираи Гурҷистон :
- Дар доираи Тоҷикистон :
- Ҷумҳурии Мухтори Бадахшон (аз 11 апрели 1992 - 27 июни 1997 вуҷуд дошт) [7]
- Дар доираи Украина : Ҷумҳурии Мухтори Қрим [11]
- Дар доираи Узбекистон :
- Қарақалпоқистон (бо баъзе қайду шартҳо) [8]
- Дар доираи Молдова :
Дар бисёре аз кишварҳои муосир воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ мавҷуданд, ки тамоми хусусиятҳои ҷумҳуриҳои мухторро доранд, аммо ба таври гуногун номида мешаванд.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ [1] Малая Советская Энциклопедия
- ↑ Закон РСФСР от 24 мая 1991 № 1326/1-I «Об утверждении Закона РСФСР „Об изменениях и дополнениях Конституции (Основного закона) РСФСР“» // Ведомости Съезда народных депутатов РСФСР и Верховного Совета РСФСР. — 1991. — № 22. — ст. 775. Закон РСФСР от 24 мая 1991 N 1326-I «Об изменениях и дополнениях Конституции (Основного закона) РСФСР» // Ведомости Съезда народных депутатов РСФСР и Верховного Совета РСФСР. — 1991. — № 22. — ст. 776.
- ↑ Конституция СССР в редакции от 26 декабря 1990 г. / Глава 10. Автономная Советская Социалистическая Республика
- ↑ Конституция СССР 1977 года (в редакции 1990 года). Глава 8, ст. 72
- ↑ The Affirmative Action Empire: Nations and Nationalism in the Soviet Union … — Terry Dean Martin — Google Книги
- ↑ ПРАВА НАРОДОВ " информационно-правозащитный портал " Геноцид лезгинского народа в Азербайджане и Дагестане. 3 октябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 ноябри 2017.
- ↑ Самопровозглашённая непризнанная полунезависимая автономная республика, существовавшая во время гражданской войны в Таджикистане — с апреля 1992 года по июнь 1997 года (де-факто) на территории современной Горно-Бадахшанской автономной области Республики Таджикистан
- ↑ В 1932—1936 годах существовала как автономная республика в составе РСФСР, в 1936—1992 годах как автономная республика в составе Узбекской ССР. В 1992 преобразована в Республику Каракалпакстан в составе Узбекистана. Слово «Автономная» в ее названии конституцией Узбекистана не предусмотрено и употребляется в основном в русскоязычных источниках.
- ↑ 12 ноября 1989 года на съезде представителей гагаузского народа, была провозглашена Гагаузская Автономная ССР в составе Молдавской ССР, но на следующий день Президиум Верховного Совета Молдавской ССР отменил это решение. 19 августа 1990 года была провозглашена Республика Гагаузия в составе СССР, что тоже ни кем не было признано. На протяжении четырёх лет после этого Республика Гагаузия существовала как непризнанное государство. В декабре 1994 был принят документ о мирной интеграции Гагаузии в состав Молдавии на правах автономии. Сейчас она официально имеет статус «Автономное территориальное образование» в составе Молдавии
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷумҳуриҳои Автономии Советии Сотсиалистӣ ва минтақаҳои Бойгонӣ шудааст 4 Январ 2009 сол. мухтор ITU Моддаи 1931