Jump to content

Ҷумҳурии Абхозистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абхазия)
Абхозистон
Аԥсны
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Суруди миллӣ: «Аиааира(«Ғалаба»)»
Забонҳои расмӣ забони абхозӣ ва русӣ
Пойтахт Сухум
Шаҳрҳои калонтарин Гагра, Гудаута, Сухум
Дини давлатӣ Православие, ислам
Воҳиди пул Апсари Абхазистон, Рубли Русия
Пешшумораи телефон +7840[1], +7940[1] ва +99544[2][1]
Минтақаи замонӣ UTC+03:00

Абхозистон, Ҷумҳурии Абхозистон (абх. Аԥсны, Аԥсны Аҳәынҭқарра) — давлат дар қисми шимолу ғарбии Пасиқафқоз, дар соҳили Баҳри Сиёҳ.

Номи аслиаш Апсни («Мулки руҳ»). Дар байни дарёи Псоу ва дарёи Ингури ҷой гирифтааст. Алҳол мақоми субъекти ҳуқуқи байналмилалиро дорост. Президент — Аслан Бжания

Аҳолӣ — 245 424 нафар (соли 2020).

Президенти Абхозистон

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Владислав Ардзинба (1994 — 2005).
  • Сергей Багапш (2005 — 2011).
  • Александр Анкваб (2011 — 2014).
  • Раул Хаҷимба (аз соли 2014).
  • Валерий Бганба (2020), и.в.
  • Аслан Бжания (аз 23 апрели соли 2020)

Масоҳаташ 6,3 ҳазор км2. Аҳолиаш 215 ҳазор нафар (2003). Пойтахташ Сухуми. Абхозистон аз 7 ноҳия ва 8 шаҳр – Сухумӣ, Ткварчели, Гагра, Очамчира, Гудаута, Гали, Питсунда ва Афони Нав иборат аст. Абхозистон 26 август 2008 истиқлол ба даст овард ва давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Роҳбари давлат – президент, ки ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад. Забони давлатӣ абхозӣ буда, забони русӣ низ баробари он истифода мешавад.

Абхозистон кишвари кӯҳсор буда, дар қисми шимолу ғарбии Закавказӣе воқеъ аст. Онро аз шимол қатор кӯҳи Асосии Кавказ (баландиаш то 4046 м аз сатҳи баҳр) иҳота карда, аз он ба ҷануб ва ҷанубу ғарб қатор кӯҳҳои Гагра, Бзиб ва Кодори ҷудо шудаанд. Абхозистон қад-қади соҳили Баҳри Сиёҳ дар шакли пастии наздибаҳрӣ тӯл кашидааст. Иқлими Абхозистон субтропикии сернам, ҳарорати миёнаи январи дар соҳил 4 – 6°С, августи 22 – 24°С Миқдори бориши солона 1400 – 1500 мм. Дарёҳои асосӣ: Бзиб, Кодори, Гумиста, Келасурӣ. Кӯлҳои калонаш Ритса ва Амткел. Таркиби заминаш дар баландии то 500 м аз сатҳи баҳр зардхок ва сурххок, дар кӯҳҳо хоки карбонатдор ва бешагӣ, баландтар аз 2000 м хокҳои марғзори кӯҳист. Бештар аз 55%-и масоҳати Абхозистон бешазор буда, дар қисми соҳилии мавзеи димоғаи Питсунда ва Мюсера бешаи қадимаи дарахтони санавбар боқӣ мондааст. Дар баландии аз 700 то 2200 м бешаи кӯҳӣ, аз он баландтар марғзори субалпӣ ва алпӣ воқеъ гардидаанд. Дар Абхозистон хирс, хуки ваҳшӣ, силовсин, оҳу, гавазн, нахчир, титав, гулмоҳӣ, озодмоҳӣ, суфмоҳӣ, зағорамоҳӣ ва ғайра вомехӯранд. Сарватҳои зеризаминӣ: ангиштсанг, полиметаллҳо, симоб; чашмаҳои минералӣ.

Абхозистон гуногунмиллат буда, дар он абхозҳо, арманҳо, русҳо, гурҷиҳо, юнониҳо, эстонҳо, полякҳо, яҳудиҳо зиндагӣ мекунанд. Зимни барӯйхатгирии соли 1989 шумораи аҳолиаш 525061 нафар буда, дар натиҷаи низоъҳои байни гурҷиҳою абхозҳо (1992 – 93) шумораи аҳолии Абхозистон 3 баробар кам гардид ва мувофиқи барӯйхатгирии соли 2003 он 215972 нафарро ташкил медод (абхозҳо 43%, арманиҳо 20%, гурҷиҳо 19%). Мувофиқи маълумоти ҷониби Гурҷистон соли 2005 аҳолии Абхозистон 178000-буд. Абхозҳо мӯътақиди дини насронӣ ва ислом мебошанд, вале эътиқодашон махсусиятҳои хоси монотеизми ибтидоиро дорад (масоли, масеҳиҳо суннатҳои калисоиро ба ҷо намеоранд, мусулмонҳо гӯшти хук ва шароб истеъмол мекунанд).

Нишонаҳои аввалини пайдоиши инсон мансуб ба давраи палеолити поёнӣ (бошишгоҳи Яштух) аст. Дар ҳазораи 6-уми то м. дар минтақаҳои наздисоҳилии Абхозистон қасабаҳо пайдо шуда, дар қатори кишоварзӣ ва чорводорӣ ҳунармандӣ ривоҷ ёфт. Охири ҳазорсолаи 3 ва аввали ҳазорсолаи 2 иншооти мегалитӣ – долменҳо, нимаи ҳазорсолаи 1 то м. қасабаҳои юнонӣ – диоскурияҳо (ҳудуди ҳозираи Сухуми) ба вуҷуд омаданд. Дар асрҳои 7 – 6 то м. сохти авлодӣ барҳам хӯрда, сохти синфӣ пойдор гардид. Дар минтақаҳои кӯҳӣ муносибатҳои падаршоҳӣ – авлодӣ муддати дароз боқӣ монданд. Дар охири садаи II то м. Абхозистон дар зери тасарруфи давлати Понтийҳо ва аз соли 65 м. тобеи Рум буд. Дар давраи атиқа қисми Абхозистон ба шоҳигарии Колхида дохил буд. Аҳолии Абхозистон бар зидди ҳукмронии Рум ва Византия мубориза мебурд. Дар охири садаи I м. дар ҳудуди Абхозистон давлатчаҳои Апсилия, Абазгия ва Мисиминия пайдо шуданд. Дар садаҳои 2 – 6 м. дар Абхозистон муносибатҳои феодалӣ ба вуҷуд омада, дини насронӣ паҳн шуд. Аз садаи IV м. Абхозистон ба подшоҳии Лазики Гурҷистони Ғарбӣ дохил гардид. Дар даврони ҳокимияти Леони I ва Леони II (асри 8) шоҳигарии Абазгия (генезис, нахустноми Абхозистон) хеле тараққӣ карда, аз зери мустамликаи Византия баромад ва тамоми Гурҷистони Ғарбиро дар давлати подшоҳии Абхозистон муттаҳид сохт. Дар нимаи 2-юми садаи X ба ҳайати давлати муттаҳидаи Гурҷистон дохил шуд. Баъди Леониҳо дар Абхозистон се аср сулолаи Багратиҳо ҳукмронӣ карданд. Баъди суқути ин сулола (асрҳои 13 – 15) Абхозистон князигарии алоҳида шуд. Дар асрҳои 16 – 18 ба тасарруфи Империяи Усмонияи Туркия афтод ва дар ин ҷо дини ислом интишор ёфт. Соли 1810 Абхозистон ба Россия ҳамроҳ гардида, аз тааддии султонҳои турк пурра наҷот ёфт ва барои равнақи иқтисодиёт имконият фароҳам гардид. Соли 1866 бар зидди мустамликадорӣ ва муҳоҷиркунии маҷбурии абхозҳо ба ҳудуди Империяи Усмония шӯриш баргузор шуда, нисфи аҳолӣ тарки ватан кард. Ҷойи онҳоро мустамликадорон – гурҷиҳо русҳо, инчунин юнониҳо, эстонҳо ва ғайра ишғол карданд. Абхозистон ба роҳи тараққиёти капиталистӣ дохил шуд. Декабр 1905 дар Сухуми, Гудаута ва Гагра ҳокимият расман дар дасти меҳнаткашон буд, аммо ҳаракати инқилобиро қӯшунҳои подшоҳӣ пахш карданд. Ноябри 1917 дар Абхозистон ҳокимият ба дасти Комиссариати Закавказӣе гузашт. Феврал – марти 1921 меҳнаткашони Абхозистон бо ранҷбарони Гурҷистон ба шӯриши яроқнок бархостанд ва 4 март дар Абхозистон Ҳокимияти Советӣ эълон шуд. Декабр 1921 РАСС Абхозистон ба ҳайати ҶШС Гурҷистон, декабр 1922 ҳамчун як қисми ҶШС Гурҷистон ба ҳайати РСФСР дохил гардид. Соли 1925 Конститутсияи якуми ҶШС Абхозистон қабул шуд. Аз феврал 1931 Абхозистон ҳамчун ҶШСА ба ҳайати ҶШС Гурҷистон дохил буд. Соли 1990 статуси Республикаи автономии Абхозистон дошт. Тобистони соли 1992 байни роҳбарияти Абхозистон ва Гурҷистон дар масъалаи мақоми конститутсионии Абхозистон зиддият ба амал омада, то ба задухӯрди яроқноки байни гурҷиҳою абхозҳо расид. Баъди гуфтушунид, апр. соли 1994 байни Абхозистон ва Гурҷистон дар Москва таҳти нишони СММ созишномаи мусолиҳаи миллӣ ба имзо расид. 26 ноябри 1994 Шӯрои Олии Абхозистон истиқлоли давлатии хешро эълон ва Конститутсияи нав қабул кард. Ин қарорро ҷониби Гурҷистон, ки Абхозистонро қисми ҷудонашавандаи давлати хеш меҳисобад, эътироф накард

Соҳаи асосии хоҷагии Абхозистонро парвариши зироати субтропикӣ ва саноати азнавкоркунии ашёи хоми кишоварзӣ ташкил медиҳад. Заминҳои киштукор асосан дар соҳили баҳр ва доманаи кӯҳҳо ҷой гирифта, кишту парвариши зироатҳои бисёрсола: чой, ангур, чормағз, рустаниҳои равғани эфирдор ва ситрусӣ тараққӣ кардааст. Дар соҳаи чорводорӣ асосан парвариши гов ва хук ба роҳ монда шуда, занбӯри асал низ мепарваранд. Абхозистон минтақаи курортӣ аст. Даромади асосии мамлакат аз ҳисоби сайёҳӣ ва туризм мебошад. Дар як сол зиёда аз 400 ҳазор сайёҳ ба Абхозистон меояд ва даромад аз ин ҳисоб 1,43 млрд рублро ташкил медиҳад. Курортҳои калонаш: Сухумӣ, Гагра, Гудаута, Афони Нав, Питсундасри 17 сентябри 2009 байни Россия ва Абхозистон алоқаҳои баҳрии мусофиркашонӣ барқарор карда шуд. Инчунин дар Абхозистон саноати хӯрокворӣ, химия ва истихроҷи ангишт ба роҳ монда шудааст. Абхозистонро бо нерӯи барқ НОБ-и Сухумӣ (дар дарёи Гумиста) таъмин мекунад. Дар Ткварчелӣ ангишт истеҳсол мешавад. Сухумӣ заводҳои механикӣ, дастгоҳсозӣ, таъмири киштӣ, коргоҳҳои саноати сабук, хӯрокворӣ (фабрикаҳои чой ва тамоку дар Гудаута, Очамчира) дорад. Нақлиёти асосии Абхозистон худрав аст. Роҳҳои оҳан, баҳрӣ ва ҳавоӣ низ дорад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии АСРИ дар соли 2009 15,68 млрд, сармоягузориҳо 1,9 млрд ва ҳаҷми савдои беруна 8,5 млрд рублро ташкил кард. Буҷети соли 2009 бидуни камбуд ва бо даромади 3,9 млрд рубл (аз ин 1,94 млрд – кумаки бебозгашти Россия) арзёбӣ шуд.

Алифбои абхозӣ соли 1862 тартиб дода шуда, соли 1865 дар Тифлис нашр гардид. То Инқилоби Октябр аз 10/9 ҳиссаи аҳолӣ бесавод буд. Дар давраи шӯравӣ бесаводӣ барҳам хӯрд. То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Абхозистон наздики 200 муассисаи томактабӣ, зиёда аз 450 мактаби маълумоти умумӣ, 6 мактаби миёнаи махсус, 8 қасри пионерон, 10 мактаби варзишӣ, 3 пойгоҳи техникҳои ҷавон, 2 мактаби олӣ, 15 муассисаи илмӣ, 313 китобхона, 3 музей, 207 клуб фаъолият дошт. Баъди ҷанги солҳои 1992 – 93 Абхозистон дар соҳаи маориф стандартҳои таълимии Россияро ҷорӣ кард. Ҳоло дар Абхозистон 149 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 15 мактаби таҳсилоти асосӣ ва 5 мактаби таҳсилоти ибтидоӣ дар шаҳрҳо ва 129 мактаби деҳот (аз ин ҷумла дар 63 мактаб таълим ба забони абхозӣ, 51 русӣ, 39 арманӣ, 17 абхозию русӣ ва 1 русию арманӣ), 23 муассисаи томактабӣ, литсей-интернат (дар Сухумӣ), коллеҷи «Башаран», ду мактаби хусусӣ мавҷуд аст. Дар Абхозистон 8 муассисаи миёнаи махсус, шуъбаҳои Коллеҷи саноатию гуманитарии Новочеркасск (дар Сухумӣ ва Гагра), шуъбаи Коллеҷи гуманитарию экологии Москва, се коллеҷи давлатии маҳаллӣ, 2 муассисаи олӣ – Донишгоҳи давлатии Абхозистон ва Донишкадаи кушодаи Сухумӣ фаъолият доранд. Дар ҳайати Академияи илмҳои Абхозистон (АИА) Институти пажӯҳишҳои гуманитарӣ, институтҳои ботаника, тибби таҷрибавӣ (таҳқиқи маймунҳо), физикӣ-техникӣ амал мекунанд. Дар Абхозистон ҳоло 7 академик ва узви вобастаи АИА, 31 доктори илм, 150 номзади илм, чандин профессору дотсент ҳастанд.

Матбуот радио, телевизион

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар даврони шӯравӣ се газетаи ҷумҳуриявии «Абхозистони Советӣ» ба забонҳои абхозӣ, гурҷӣ ва русӣ, ду маҷаллаи адабӣ-бадеӣ нашр шуда, даҳҳо номгӯй китоб ба табъ мерасид. Ҳоло дар Абхозистон газетаҳои «Республика Абхазия», «Эхо Абхазии», «Нужная газета», «Айдгилара», «Бзиб» ва ғайра, маҷаллаҳои «Абхазия», «Фатима» нашр мешаванд. Агентии миллии иттилоотии Абхозистон «Апснипресс» ном дорад. Радио ва телевизиони Абхозистон асосан ба 3 забон – абхозӣ, гурҷӣ ва русӣ хабарҳо мешунавонанд. Дар ҳудуди АСРИ 7 шабакаи телевизионии Россия, Телевизиони давлатии Абхозистон, «Абаза ТВ» ва «Канали 8» пахш шуда, якчанд студияҳои телевизион, аз ҷумла «Аспект ТВ», «AbRecTV», радиостансияҳои «Radio SOMA», «Радиои Абхозистон» фаъолият мекунанд.

Аввалин нависандагони абхоз С. Званба (1809 – 55) ва Г. Чачба-Шервашидзе (1846 – 1918) буданд, ки асарҳояшонро дар Россия ба забони гурҷӣ ва русӣ чоп мекарданд. Адабиёти бадеии Абхозистон асосан дар солҳои 20 садаи XX ба вуҷуд омад. Фолклори абхозӣ сарчашмаи он буд. Асосгузорон ва намояндагони барҷастаи адабиёти абхоз: Д. И. Гулиа (1874 – 1960), Л. Лабахуа, И. Папаскир, Б. Шинкуба, А. Гогуа, И. Тарба, Н. Тарба; нависандагони русзабон Г. Гулиа, Ф. Искандер, Д. Зантария.

Дар Абхозистон ёдгориҳои давраи биринҷӣ, иншоот, биноҳои истиқоматию мудофиавӣ боқӣ мондаанд. Меъмории Абхозистон дар асрҳои миёна хеле тараққӣ карда буд (қасрҳои Амбара, Гантиади, маъбадҳои Данда, Афони Нав, Бедия ва ғайра). Дар давраи шӯравӣ биноҳои муҳташами маъмурию маданӣ сохта шуданд. Санъати тасвирӣ ва ороишӣ (бофандагӣ, хотамкорӣ, минётура ва ғайра) дар Абхозистон аз қадим инкишоф ёфтааст. К. Чачба-Шервашидзе (1868 – 1968) устоди барҷастаи санъати тасвирии касбӣ мебошад. Театри касбӣ солҳои 1920 таъсис ёфта, соли 1930 дар Сухуми Театри миллии Абхозистон (ҳоло Театри давлатии ба номи С. Чанба) ба фаъолият оғоз кард.

Оҳангҳо ва сурудҳои бисёровозаи абхозии динӣ, меҳнатӣ, шикорӣ ва ғайра ба қадимӣ будани онҳо далолат мекунанд. Созҳои миллӣ: аюмаа, ахимаа, анхертса (камончадор), ачарпин (намуди най). Абхозистон М. Баланчивадзе, Г. З. Чхиквадзе, В. В. Ахобадзе, Д. Н. Шведов, Ш. М. Мшвелидзе, И. Е. Кортуа ва дигар гирдоварандагони фолклори мусиқии абхоз буданд ва дар асоси он асарҳои ҷолиб офаридаанд (операҳои «Рондашудагон»-и Д. Шведов, «Мзия»-и А. Баланчивадзе).

  • Лакоба С. З., Очерки политической истории Абхазии, Сухуми, 1990;
  • Новая Российская энциклопедия, т. 2, М., 2005.