Jump to content

ҶСК "Пиллаи тоҷик"

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

ҶСК "Пиллаи тоҷик" — Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пиллаи тоҷик” дар шаҳри Душанбе воқеъ аст.

Таърихи ифтитоҳи коргоҳ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пиллаи тоҷик” 16 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар корхона коркарди пилла то сатҳи ниҳоӣ ба роҳ монда шуда, аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол карда мешавад. Айни замон дар корхона ва парваришгоҳи он дар як баст 300 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пиллаи тоҷик” аз коргоҳи хушккунии пилла, коркарди нах, коргоҳи басту банд, озмоишгоҳ, коргоҳи чопӣ, бофандагӣ, коргоҳи наддофӣ, хушкашӯйии матоъ, коргоҳи атласу адрас ва қолинбофии дастӣ иборат мебошад. Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва давлатҳои Аврупо ворид карда шудааст, ки барои истеҳсоли маҳсулоти босифату ҷавобгӯ ба талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Баъд аз ҷамъоварӣ пилла дар корхона хушк карда шуда, дар хати технологии абрешим ба навъҳо ҷудо ва ба ришта табдил дода мешавад. Иқтидори солонаи истеҳсоли абрешими наддофӣ зиёда аз 40 тонна ва истеҳсоли риштаи абрешим зиёда аз 60 тоннаро ташкил медиҳад. Абрешими омодашуда дар коргоҳи бофандагӣ ба матоъ табдил дода мешавад.

Дар коргоҳи атласу адрас бо истифода аз 26 дастгоҳи бофандагӣ аз риштаи абрешим ва пахта ҳунармандон намудҳои гуногуни атласу адрасро омода мекунанд. Дар баробари истифода аз технологияи замонавӣ истеҳсоли атласу адрас бо мақсади идомаи анъанаи неки ниёгон дар самти истеҳсоли ин намуди матоъ, таъмини гуногунии истеҳсолот ва пешниҳоди маҳсулоти босифат ба таври дастӣ ба роҳ монда шудааст.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. www.president.tj. Ифтитоҳи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар шаҳри Душанбе(тоҷ.) (20 апрели 2024). 13 октябри 2024 санҷида шуд.