Jump to content

Ҷабргароӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷабргароӣ (форсӣ: جبرگرایی‎), детермини́зм (аз лот. determinare — «ҳад гузоштан, муайян кардан») — таълимоти фалсафӣ дар бораи робитаҳои объективии қонунӣ ва вобастагии мутақобилаи ҳодисаҳои оламҳои моддиву маънавист. Ҷавҳари асосии ҷабргароӣ мавҷудияти сабаб аст.

Дар робитаи падидаҳо як ҳодиса (ба унвони сабаб) дар шароити муайян метавонад боиси ба вуҷуд омадани ҳодисаи дигар (ба унвони натиҷа) гардад. Дар байни шаклҳои муайяни ҷабргароӣ ки дорои робитаи мутақобилаи гуногуни ҳодисаҳо мебошанд, робитаи сабабу натиҷаро барои роҳнамоии дурусти фаъолияти илмиву амалии инсон донистан зарур аст. Сабабро ҳамчун унсури асосии системаи омилҳои ҷабргароӣ арзёбӣ намудан мумкин аст, вале усулу мафҳуми ҷабргароӣ васеътар аз иртиботи сабабӣ мебошад. Он метавонад шомили иртиботи байни зарурат ва тасодуф, имконият ва зарурат, инкишофи бевосита ва бавосита низ бошад.

Ҷабргароӣ муқобили адами қатъият аст, ки ҳама гуна робитаи сабабиро рад мекунад. Тасаввуроти ҷабргароӣ дар сайри таърихии худ вобаста ба инкишофи дониш ғанӣ мегардад. Аз ин рӯ, сабабиятро ба ҷабргароии классикӣ (метафизикӣ ва механикӣ) ва фароклассикӣ ҷудо мекунанд. Ғояи ҷабргароӣ дар Юнони қадим (назарияи атомистии мутафаккирони Юнон) ба вуҷуд омад ва минбаъд дар улуми табиатшиносӣ, фалсафаи материалистии давраи нав интишор ёфт. Он ба дастовардҳои механикаи классикии И. Нютон такя карда, сатҳи сабабиятро ба дараҷаи мутлақ бардошт. Хусусияти механикии ҷабргароиро П. Лаплас муайян кард. Дар таълимоти ҷабргароии ӯ аҳаммияти координативу импулсҳои ҳамаи зарраҳои Коинот дар замони мавҷуда вазъи онҳоро чӣ дар замони гузашта ва чӣ дар замони оянда як хел муайян хоҳанд кард.

Материалистони фаронсавӣ Ж. О. Ламетрӣ ва П. А. Голбах ҳамин гуна ҷабргароиро нисбат ба ҷомеа ва инсон татбиқ намуданӣ буданд.

Назарияи эволютсионии Дарвин, ки мақсаднокии нисбиро дар табиати зинда материалистона шарҳ дод ва инкишофи кибернетика, ки таълимоти системаҳои худтанзимро ба миён гузошт, ба телеологияи идеалистӣ, фатализм, таълимоти қазову қадар ва сарнавишт зарбаи қатъӣ зада, дурустии тамоми далелҳои мабдаии ҷабргароии диалектикиву материалистии муосирро тасдиқ намуданд. Дар садаи XX ҳодисаи синергетика ба инкишофи ҷабргароӣ мусоидат кард. Асосҳои фалсафӣ ва методологии ҷабргароӣ мақоми усулҳои робитаи мутақобилаи илмию табиатшиносиро аз тариқи мақолаҳои сабабии зарурат, тасодуф, ҳақиқат, қонуният ва ғ. мушаххас менамоянд. Дар ҷомеаи муосир таълимотҳои гуногуни ҷабргароӣ (ҷуғрофӣ, фарҳангӣ, технологӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва диг. соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ)-ро аз ҳам фарқ мекунанд, ки ҳар яке аз онҳо дар дохили чаҳорчӯбаи масоили соҳаҳои худ амал мекунанд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Гельрейт Дж. К. Экономические теории цели общества. М., 1976;
  • Детерминизм, причинность, организация. Л., 1977;
  • Природа и общество//Социология. Основы общей теории. М., 1996.