Ҷавонон (деҳа, н. Файзобод)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳаи Ҷавонон
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи марказ
Ноҳия Файзобод
Ҷамоат Деҳоти Ҷавонон
Аҳолӣ 1428 нафар (2010), тоҷикон
Хоҷагӣ 184

Ҷавонондеҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 2 км. Аҳолиаш 1428 нафар (2010), тоҷикон. Аз 184 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа бунгоҳи тиббӣ, мағозаи хусусии молҳои ниёзи мардум, чойхонаи ҷамъиятӣ, 7 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.[1]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.