Ҷамила Суҳбатуллоевна Саидова
Ҷамила Суҳбатуллоевна Саидова | |
Таърихи таваллуд | 1 феврал 1959 (65 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Ҷамила Суҳбатуллоевна Саидова (тав. 01.02.1959, ш. Душанбе) — муаллими забони тоҷикӣ, номзади илмҳои филология (2019). «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2003)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷамила Саидова солҳои 1976-1980 донишҷӯи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, солҳои 1980– 1984 мудири кабинет ва ассистенти кафедраи забони тоҷикии донишкадаи мазкур, 1984–1991 инструктори шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти н. Октябри (имрӯза И. Сомонӣ) ш. Душанбе буд. Аз соли 1993 ҳамчун омӯзгори калони кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ ва солҳои 2014-2017 мудири кафедраи номбурдаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Оид ба мавзуи “Диалектизмҳо ва хусусиятҳои услубии онҳо дар асарҳои А. Самад» рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, ба ҳайси дотсенти кафедра фаъолият дорад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2003) ва Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
- Зодагони 1 феврал
- Зодагони соли 1959
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми филология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Филологони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон
- Занҳо-олимаҳо