Ҷамшед Ҷӯразода
Ҷамшед Ҳабибуллоевич Ҷӯрабоев | |
Таърихи таваллуд | 15 июн 1971 (53 сол) |
Зодгоҳ | шаҳри Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Ҳукумати шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих (2015) |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло (Ҷамшед Ҳабибуллоевич Ҷӯрабоев; 15 июни соли 1971, шаҳри Хуҷанд) — доктори илмҳои таърих (2015), профессор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V.[1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло 15 июни соли 1971, дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шуд. Аз соли 1989 таҳсилро дар факултаи таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров идома дода, онро соли 1993 хатм намуд.
Соли 1993 ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намуда то соли 1995 дар кафедраи таърих ва этнографияи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба сифати ассистент кор кард. Солҳои 1995—1998 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил намуда, минбаъд солҳои 1997—2000 дар кафедраи таърих ва маданияти халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият бурд. Соли 1999 раиси Шӯрои олимони ҷавон, баъдан раиси Созмони ҷавонони донишгоҳи мазкур буд. Моҳи январи соли 2000 бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд ба вазифаи мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд таъйин шуд. Аз 31 апрели соли 2003 то 30 ноябри соли 2005 вазифаи муовини мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ — фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ба зимма дошт. Ҳамчун хизматчии давлатӣ, сазовори рутбаи тахассусии мушовири хидмати давлатии дараҷаи III гардидааст.
21 декабри соли 2002 дар Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии Хуҷандрисолаи номзадиро дар мавзӯи «Аз таърихи фарҳанги манзилдории тоҷикон» ҳимоя намуд. Аз 30 ноябри соли 2005 то 25 ноябри соли 2006 дар вазифаи декани факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият намуд. Аз 25 ноябри соли 2006 то 11 январи соли 2007 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи ноиби ректор оид ба тарбия ва аз 12 январи соли 2007 дар ҳамин вазифа тибқи таъйиноти нави Вазорати маориф ва ректори донишгоҳ фаъолият дошт. 16 апрели 2009 декани факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ таъйин гардид. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 маи 2012 Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъйин гардид ва то соли 2017 сарварии ин донишгоҳро ба уҳда дошт. Ӯ ҳамзамон аз 20.08.2015 ба ҳайси профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик фаъолият бурдааст.
Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло солҳои 2017[2]—2022 ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд.
Ӯ аз соли 2003 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аз соли 2015 Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[1]
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло муаллифи зиёда аз 120 асару, мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Тадқиқоти Ҷӯрабоев Ҷ. ба масъалаҳои таърихи маданияти моддӣ, аз ҷумла ба фарҳанги манзилдории тоҷикон, таърихи аморати Бухоро дар асрҳои XVIII—XIX, хусусиятҳои равандҳои сиёсии Тоҷикистон дар давраи муосир бахшида шудаанд. 15 майи соли 2015 рисолаи докториашро доир ба илми таърих, дар мавзӯи «Бухарский эмират второй половины XVIII — первой половины XIX вв. в письменных источниках» дар Шӯрои Дифои рисолаҳои доктории назди Пажуҳишгоҳи таърих, археология ва этнографияи АИ ҶТ дифоъ намудааст.[3]
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Из истории жилищной культуры таджиков. Автореферат на соискание ученой степени кандидата исторических наук. — Худжанд, 2002.-24с.
- Профессор Назирчон Турсунов. Библиографический очерк (дар ҳаммуалифӣ). — Худжанд, 2003.-117с.
- Из истории жилищной культуры таджиков. — Худжанд, 2009.-270 с.
- Холиқӣ А., Ҷӯрабоев Ҷ. Сиёсатшиносӣ: Мафҳуму назарияҳо ва ҷадвалҳои мантиқӣ. — Хуҷанд: Ношир, 2013. — 564 с.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.
- ↑ Дар бораи Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъйин намудани Ҷӯрабоев Ҷ.Ҳ.
- ↑ Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло. 7 феврали 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 феврали 2019.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 15 июн
- Зодагони соли 1971
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Хуҷанд
- Докторони улуми таърих
- Олимон аз рӯи алифбо
- Вакилони Маҷлиси милли Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V
- Олимони Тоҷикистон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров