Ҷанги Зуқор
Макони кунунӣ | |
---|---|
Замони вуқуъ | 609 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зуқор (ар. ذوقار) — яке аз аввалин набардҳои таърихии сипоҳи Сосониён ба муқобили қабилаҳои араб, ки дар аҳди ҳукмронии Хусрави Парвиз (590—628) рух дод.
Санаи дақиқи набард маълум нест: дар маъхазҳои хаттӣ санаи рухдоди он солҳои 610—624 ва дар таҳқиқоти илмӣ солҳои 602-11 сабт шудааст. Муарррихон (Табарӣ, Масъудӣ) сабаби оғози ҷангро ба кушта шудани Нуъмон ибни Мунзир (ҳукмронӣ 582—602) аз ҷониби Хусрави Парвиз ва паёмадҳои манфии он нисбат медиҳанд. Соли 602 Хусрави Парвиз намояндаи охирини хонадони Лахмиҳо — Нуъмон ибни Мунзирро бо сабаби итоат накарданаш ба амри дарбори Сосониён ба қатл расонда, аз қабилаи Бакр ибни Воил дороии ӯро талаб кард. Сардорони қабила аз фиристодани моликият худдорӣ намуда, омодагии худро ба набарди зидди Сосониён эълон карданд. Дар набарди Зуқор сарфармондеҳи лашкари Сосониён Айёс ибни Тойӣ ва ёвараш Қайс ибни Масъуд (узви қабилаи араб — Шайбониён) таъйин шуданд, ки дар ихтиёрашон тақр. 5 ҳазор сипоҳӣ доштанд. Рӯзи аввали набард бо музаффарияти форсҳо анҷом ёфта, дар рӯзи дуввум сипоҳи сосонӣ бо хиёнати Қайс ибни Масъуд (мувофиқи паймони махфиаш бо ҳамқавмони худ аз майдони разм фирор кард) мағлуб гардид. Сосониён шикасти худро дар Зуқор нисбат ба музаффарияташон дар набарди зидди румиҳо ночиз медонистанд, вале арабҳо ин пирӯзиро ҳамчун ифтихори таърихии худ бо номи «явми зиқор» васф кардаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зуқор // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.