Ҷанин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ҷанини якмоҳаи инсон ҳангоми ҳомилагии хориҷраҳмӣ.

Ҷанин ё эмбрион (юн.-қад. ἔμβρυον), — организме, ки дар давраи аввали инкишоф бошад. Ҷанин одатан аз тухми бордор инкишоф ёфта, аз захираи моддаҳои ғизоии организми модар ғизо мегирад. Ҷанини баъзе ҷонварони бемӯҳра, наҳанг, мӯҳрадорҳои дараҷаи олӣ ва одам бо ҷанинпарда, ки онро аз ҳар гуна офат эмин медорад, иҳота шудааст. Аксари организмҳо 3 баргаки ҷанин доранд: берунӣ (эктодерма), дарунӣ (энтодерма) ва мобайнӣ (мезодерма). Аз эктодерма дар рафти инкишофи ҷанин асаб, пӯст, мӯй, ғадудҳои пӯст, нохун ва ғайра, аз энтодерма пардаи луобии системаи ҳозима, аъзои нафас, ғадудҳои ҳозима ва аз мезодерма узвҳои ихроҷ, аъзои ҷинсӣ, рагҳои хунгард, мушакҳо, скелет ва ғайра ба вуҷуд меоянд.

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Сарчашма[вироиш]