Ҷаҳонгир Низомов
Таърихи таваллуд | 1947 |
---|---|
Ҷойҳои кор | ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои ҶТ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои техникӣ |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Институти муҳандисии сохтмони ба номи В.В. Куйбишеви Москва |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи халқи ҶТ (1997) |
Ҷаҳонгир Низомов — олим, доктори илмҳои техникӣ (1999), профессор (2003). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2008).[1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷаҳонгир Низомов Институти муҳандисии сохтмони ба номи В.В. Куйбишеви Москваро хатм кардааст (1969)., ихтисос – «сейсмология».
Мудири кафедраи «Механикаи сохтмон ва ба зилзила тобовари иншоот» ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ (1992-2004), директори Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ (2004-2010), мудири шуъбаи сохтмони ба зилзила тобовар (2004-2011), мудири озмоишгоҳи назарияи тобоварии сейсмикӣ ва моделсозии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои ҶТ (2011).
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: назарияи иншоот ва моделсозии математикии масъалаҳои динамикии механикаи ҷисмҳои сахти каҷшуда, назарияи тобоварии сейсмикӣ, сейсмологияи муҳандисӣ.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии маорифи халқи ҶТ (1997)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |