Ҷеймс Грегори
англ. James Gregory | |
Таърихи таваллуд | 1638[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1675[1][2][3][…] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | риёзиёт[6] ва ахтаршиносӣ[6] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷеймс Грегори (англ. James Gregory, ноябри 1638, Драмоук, Абердиншир — октябри 1675, Эдинбург) — риёзидон ва ахтаршиноси шотландӣ. Яке аз асосгузорони таҳлили математикӣ. Узви Ҷамъияти шоҳии Лондон (1668). Профессори донишгоҳҳои Сент-Эндрюс (аз 1669) ва Эдинбург (аз 1674).
Тадқиқот
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1663 дар асари илмиаш «Optica Promota» (Усули оптикӣ) бори аввал сохти телескопи оинавӣ ва усули андозагирии масофаро аз Замин то Офтоб пешниҳод намуд (ки минбаъд аз он Галле бо муваффақият дар таҳқиқотҳояш истифода кардааст). Дар математика усулҳои ҳисоб кардани сектори доира, гипербола ва эллипсро бо истифодаи қаторҳо, формулаи интегралгирии ададӣ, панҷараи дифраксионӣ, мафҳуми ҳудудро (ки ба мафҳуми ҳозира наздик аст) пешниҳод кард. Танӯраи тарафи нонамоёни Моҳ, телескопе, ки дар вулқони Тейда (ҷазираҳои Канар) гузошта шудааст, ба шарафи Ҷеймс Грегори номида шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Berry A. A Short History of Astronomy (ингл.брит) — London: John Murray, 1898.
- ↑ 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 https://www.britishmuseum.org/collection/term/BIOG142398
- ↑ Грегори Джеймс // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ http://www-history.mcs.st-andrews.ac.uk/history/Biographies/Gregory_Duncan.html
- ↑ 6.0 6.1 Чешская национальная авторитетная база данных
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Грегори Ҷеймс // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.