Ҷерен Морай
тур. Ceren Moray | |
| |
Таърихи таваллуд: | 5 июн 1985 (39 сол) |
Зодгоҳ: | Диёрбакр, Туркия |
Шаҳрвандӣ: | Туркия |
Касб: | ҳунарпеша |
Корнома: | 2003-то ҳол |
Самт: | синамо, телевизион |
IMDb: | ID 1760353 |
Ҷерен Морай (тур. Ceren Moray, тав. 5 июни 1985; Диёрбакр, Туркия) — ҳунарпешаи телевизион ва синамои турк.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Морай соли 1985 дар Диёрбакр ҳамчун фарзанди ягонаи оилааш таваллуд шудааст. Падари ӯ аз Диёрбакр ва модараш аз Кастамону мебошанд. Оилаи падариаш асли курд дорад[1] ва волидонаш ходимони давлатӣ буданд[2]. Пас аз чанд соли таваллуди Морай, оилааш ба Истанбул кӯчиданд ва дар синни хурдӣ дар он ҷо соҳиби маълумоти театрӣ шуд. Пас аз таҳсил дар Мактаби миёнаи санъати тасвирии Пера, ӯ ба Донишгоҳи Халич дохил шуд ва соли 2005 донишгоҳро хатм кард.
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2004, ҳунарпеша бори аввал дар экран дар силсилафилми хурди "Dayı" пайдо шуд, ки онро Тайфун Гюнер навишта ва коргардонӣ кардааст. Соли 2007 вай ба ҳайати эҷодии силсилафилми "Kavak Yelleri" ҳамроҳ шуд. Соли 2012 Ҷерен Морай дар силсилафилми мазҳакавии "İşler Güçler" -и коргардон Селчуқ Айдамир нақши Заҳроро бозидааст.
Соли 2014, вай дар драмаи «O Hayat Benim» нақши асосии Афсунро иҷро кард. Дар замонҳои гуногун Ҷерен Морай имкони ҳамкорӣ бо Демет Эвгар, Синон Албайрақ, Илкор Калелӣ, Нурсел Кёсе ва дигар ҳунарпешаҳои машҳури туркро дошт.
Аз соли 2018 силсилафилми криминалии занонаи "Avlu"-и Netflix дар шабакаи Star TV ба намоиш гузошта шуд, ки Ҷерен бо Демет Эвгар нақшҳои асосиро бозидаанд. Мавзӯи силсилафилм дар атрофи занони зиндонӣ мебошад.
Соли 2020 Ҷеренро барои иҷрои нақши Зайнаб дар силсилафилми телевизионии "Öğretmen" дақват намуданд. Силсилафилм дар шабакаи FOX пахш шудааст, ки аз 9 қисм иборат мебошад. Шарики ӯро Илкор Калелӣ бозидааст.
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]26 сентябри соли 2017 Ҷерен Морай бо шаҳрванди Фаронса - Никко Брун издивоҷ намудааст[3][4].
Филмнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Синамо | |||
---|---|---|---|
Сол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо |
2014 | Bi Küçük Eylül Meselesi | Беррак | Нақши ёрирасон |
2015 | Yok Artık! | Абру | Нақши ёрирасон |
2016 | Olaylar Olaylar | Мерве | Нақши ёрирасон |
2016 | El Değmemiş Aşk | Фкрял | Нақши асосӣ |
2018 | Arada | Эзгӣ | Нақши ёрирасон |
Телевизион | |||
Сол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо |
2003 | Serseri Aşıklar | - | Нақши ёрирасон |
2004 | Dayı | Симга | Нақши ёрирасон |
2005 | Nefes Nefese | Эзгӣ | Нақши асосӣ |
2007-2008 | Doktorlar | Санам | Нақши ёрирасон |
2007-2010 | Kavak Yelleri | Су | Нақши ёрирасон |
2012 | İşler Güçler | Заҳро Ченгиз | Нақши ёрирасон |
2014-2017 | O Hayat Benim | Афсун Дамирҷӣ Отахон | Нақши асосӣ |
2018-2019 | Avlu | Азра Кая | Нақши асосӣ |
2020 | Öğretmen | Зайнаб | Нақши асосӣ |
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Феҳристи ҳунарпешазанҳои Туркия
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ceren Moray: Diyarbakırlı olduğumu saklardım, Ensonhaber (May 2015).
- ↑ Ceren Moray: Diyarbakırlıyım diyemezdim!. Radikal (2 May 2015). 2 апрели 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 май 2015.
- ↑ Ceren Moray eşiyle nasıl tanıştığını anlattı, Habertürk (April 2018).
- ↑ Ceren Moray, Fransız eşi Nico Burn ile Bodrum'da, Habertürk (July 2018).