Ҷиноятҳои зидди инсоният
Зоҳир
Ҷиноятҳои зидди инсоният — он ҷиноятҳои байналмилалие ҳастанд, ки дар содир намудани куштор, маҳв, асорат, бадарға ва дар дигар кирдорҳои ваҳшоният нисбати аҳолии осоишта вобаста ба андешаҳои сиёсӣ, нажодӣ ва динӣ дар вақти ҷанг ва пеш аз он ифода мешавад. Ба ҷиноятҳои зидди инсоният инчунин он ҷиноятҳои байналмилал шомил мешавад, ки ба ҳастии миллат, давлат, робитаҳои осоиштаи байналмилалӣ таҳдид менамояд. Аз ҷумла ба онҳо геносид, апартеид, нажодпарастӣ, мустамликадорй, экосид шомил мебошанд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 560
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |