Jump to content

Ҷиноятҳои компютерӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷиноятҳои компютерӣ — дар боби 28 КҶ ҶТ пешбинй гардида, аз ҷиноятҳои зерин иборат аст: ғайриқонунӣ дастрас намуданн иттилооти компютерӣ (м.298), тагйир додани иттилооти компютерӣ (м. 299), тахриби компютерӣ (м. 300), ғайриқонунй ба даст овардани иттилооти компютерӣ (м. 301), тайёр кардан ва ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои махсус барои гирифтани тамоси ғайриқонунй ва ё шабакаи компютерӣ (м. 302), таҳия, исгифода ва паҳн карданн барномаҳои зараровар (м, 303), вайрон кардани қоидаҳои истифодаи шабакаи компютерӣ (м. 304 КҶ ҶТ). Объекти ҷиноятҳои мазкурро амнияти иттилоотй ташкил медиҳад. Ба сифати предмети ҷиноят иттилооти компютерӣ ё худи компютер ҳамчун барандаи иттилоот баромад мекунад. Агар ба сифати предмети ҷиноят компютер ҳамчун аппарат (асбоб) баромад кунад, кирдори шахс аз рӯи ҷиноятҳо ба муқобили моликият банду баст карда мешавад. Инчунин барои содир намудани ҷиноятҳои дигар (масалан, қаллобӣ) истифода намудани иттилооти компютерӣ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо банду баст карда мешавад. Зери мафҳуми иттилоот ҳамчун предмети ҷиноятҳои мазкур маълумоти гуногун оид ба шахсият, предметҳо, далелҳо, ҳодисаҳо ва зуҳурот фаҳмида мешаванд, ки дар система ё шабакаи иттилоотӣ мавҷуданд. Субъекти ҷиноят шахси ҷисмонии мукаллафи ба синни 16-солагй расида мебошад. Тарафи субъективии аксарияти ин ҷиноятҳо бо гуноҳи барқасдона, таркиби ҷинояти дар моддаи 304 КҶ ҶТ пешбинишуда бо гуноҳ дар шакли беэҳтиётй тавсиф меёбад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 560-561