Ҷозеф Грималди
Намуди зоҳирӣ
Ҷозеф Грималди | |
|---|---|
| англ. Joseph Grimaldi | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 18 декабри 1778[1][2][3] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 31 майи 1837[1][2][3] (58 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Шаҳрвандӣ | |
| Касб | рақсанда, масхарабоз, овозхон, ҳунарманди сирк, ҳунарпешаи театр, entomologist, ҳунарпеша, мим, mime |
| Солҳои фаъолият | 1780 — 1823 |
Ҷозеф Грималди (англ. Joseph Grimaldi; 18 декабри 1778[1][2][3], Лондон — 31 майи 1837[1][2][3], Лондон) — ҳунарпеша, масхарабози инглис.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз дусолагӣ дар намоишҳои театрҳои «Дурури-Лейн» ва «Сэдлерс-Уэлл»-и Лондон ширкат кардааст. Солҳои 1806—1923 дар театри «Ковен-Гарден» кор кард. Ӯ бо тавъам кардани бадеҳагӯию ширинкории мазҳакаҳои дел-арте бо мазҳакаи драматикӣ дар силки масхарабозӣ равияи ҷадиде ба вуҷуд овард. Бидуни ниқоб ва ҳадди ақалли грим нақш мебозид, ки театрӣ будани персонажҳои ӯро огоҳона таъкид мекард. Ҳунарнамоиҳои Ҷозеф Грималди, ки аз табъи равшан, самимият, тобнокӣ ва баёни ҷаззобу шево саршор буданд, бо маҳбубияти бузурги бинандагон истиқбол мешуданд. Соли 1823 фаъолияти эҷодии хешро қатъ намуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 4 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- 1 2 3 4 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- 1 2 3 4 Brockhaus Enzyklopädie (нем.) — F.A. Brockhaus, 1796.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Грималди Ҷосеф // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Хоченко Е. Г. Великие романтические зрелища. М., 1996.