Иттиҳодияи иқтисодии Аврупо
Зоҳир
(Тағйири масир аз Ҷомеаи иқтисодии Аврупо)
Иттиҳодияи иқтисодии Аврупо (англ. European Economic Community) — гурӯҳи муттаҳидаи кишварҳо, ки аз 12 давлати Аврупои Ғарбӣ иборат мебошанд ва дар асоси шартномаи Рум аз соли 1957 таъсис ёфтааст. Ба Ҷомеаи иқтисодии Аврупо (ҶИА) — Белгия, Британияи Кабир, Юнон, Дания, Ирландия, Испания, Италия, Люксембург, Нидерланд, Португалия, Фаронса ва Олмон шомил буданд. Дар доираи ҶИА Иттифоқи ягонаи гумрук созмон дода шуда буд; боҷҳои гумрукӣ барҳам дода шуданд, тарифи ягонаи гумрук дар муносибат бо кишвари саввум ҷорӣ шуд, маҳдудиятҳои микдорӣ дар тиҷорати мутақобила бекор шуда, инчунин созмон додани бозори ягонаи дохилӣ ба итмом расонида шуда буд. Бо сабаби дохилшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо соли 1993 ҶИА ҳамчун гурӯҳи мустақил аз фаъолият бозмонд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 563