Jump to content

Ҷонишинҳои ишоратӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷонишинҳои ишоратӣ — калима, ибора, ҷумлаҳо,ҳатто матнҳои яклухтро иваз карда, ба гуфтор сабукиву мӯҷазӣ мебахшанд.Ҷонишинҳои ишоратӣ аз рӯйи сохт чор хеланд: 1) сода: ин, он; 2) сохта:ҳамин, ҳамон; 3) мураккаб:ончунон, инчунин, ҳамчунон; 4) таркибӣ: ин гуна, ин хел ва ғайра.Ҷонишинҳои ишоратӣ аз рӯйи таърихи пайдоишашон аслӣ ва ғайриаслӣ мешаванд.Ҷонишинҳои аслӣ дар замонҳои хеле қадим ташаккул ёфтаанд.Ҷонишинҳои ин ва он ба ҳамин гурӯҳ дохил мешаванд. Ба ҷонишинҳои аслии ғайриаслӣ ҷонишинҳои сохта, мураккаб ва таркибӣ дохил мешаванд:ҳамин,ҳамон, инчунин, ин гуна, ин навъ, ин дараҷа,ҳамин хел, ҳамин қадар ва ғ.

  • Ин хаёл, ин тасаввур ҷавонро дигар ба нишастан маҷол надод (Садриддин Айнӣ).
  • Дар ҳақиқат ҳам ин об ҳамон оби барфу боронҳо аст (Садриддин Айнӣ).
  • Амакам ба талвоса афтод, ман ҳам инчунин (Сотим Улуғзода).
  • Худойқул ба бойҳои давраи қадим монанд буд, ки боз барои ин зайл якравиҳо ятимро сахттар ҷазо медоданд (Сорбон).

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. — Душанбе: Дониш, 1985. — 156саҳ