Ҷонишинҳои таъйинӣ
Зоҳир
Ҷонишинҳои таъйинӣ — ашё ва аломати онҳоро ба таври умумӣ таъйин менамоянд. Онҳо аслӣ ва ғайриаслӣ мешаванд. Ҷонишинҳои таъйинии аслӣ калимаҳои ҳама ва ҳар мебошанд. Ҷонишинҳои ғайриаслӣ дертар ба вуҷуд омадаанд: ҳар кӣ, ҳар чӣ, ҳар кадом, ҳар як ва ибораҳои ҷонишинии ҳар он кӣ, ҳар он чӣ, ҳар он кас, ҳар он чиз.
Намунаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамаи корҳоро ҷадидон карда истодаанд.
Барои ҳурмати мӯйи сафедаш,
Ки ҳар тораш чу як роҳи сафед аст.
Дар бораи он ҳар хел гапҳо паҳн мешуд.
Ҳар кадоми ин ситорагон нурафшонӣ мекунанд.
Дили он кас ҳам ҳамеша ба тарафи шумост.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. — Душанбе: Дониш, 1985. — 157саҳ.