Jump to content

Ҷонишинҳои нафсӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷонишинҳои нафсӣ ба шахсе ишора мекунанд, ки дар шароити муайяни нутқ иҷрокунандаи амал мебошад. Бинобар ин онҳо ба ҷонишинҳои шахсӣ наздиканд. Миқдори ҷонишинҳои нафсӣ дар забони тоҷикӣ зиёд нест. Ба ин гурӯҳ калимаҳои худ, хеш, хештан дохил мешаванд.Ҷонишини худ дар забони адабии ҳозираи тоҷик хеле серистеъмол буда, дар чунин мавридҳо истифода мешавад: а)ифодаи субъекти амал:

  • ...меҳмонро ба чорзону нишастан таклиф карда, худ ҳам чорзону нишаст (Садриддин Айнӣ);
  • —Марҳамат кунед,ба нон нигоҳ кунед,- гуфта меҳмонро ба нонхӯрӣ таклиф кард ва худ ҳам баробари меҳмон луқмаи нонеро ба даҳон андохт...(Садриддин Айнӣ).

б) ифодаи соҳибият:

  • Ситораҳо акси худро бо тамоми нурашон ба даруни ин кӯча

меандозанд (Садриддин Айнӣ).

  • Чашмаҳо монанди чашмони ситамдидагони даврони подшоҳӣ оби худро чакра- чакра мечаконанд (Садриддин Айнӣ).

Ҷонишинҳои хеш ва хештан муродифи ҷонишини худ мебошанд, аммо онҳо нисбатан камистеъмол буда, асосан дар услуби бадеӣ (бештар дар назм) истифода мешаванд.

  • Омадӣ, ёбӣ ту нони хешро,
  • Зинда дорӣ худ ҷони хешро (Мирзо Турсунзода)
  • Аввал хеш, баъд дарвеш (зарбулмасал)

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. — Душанбе: Дониш, 1985. — 163саҳ.