Ҷонишин (дастури забон)
Зоҳир
Ҷонишин (форсӣ: ضمیر) ба гурӯҳи ҳиссаи номии нутқ мансуб бошад ҳам аз дигар калимаҳои ин гурӯҳ аз ҷиҳати маъно хусусиятҳои грамматикӣ фарқ мекунад. Ҷонишин ҳиссаи номии нутқ буда, ашё ва аломати онро нишон медиҳад, вале онҳоро бевосита ифода намекунад. Ҷонишин ба ҷойи исм, сифат, шумора меояд. Он ба ҷойи зарф ҳам кор фармуда мешавад. Ҷонишинҳои забони тоҷикӣ ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:
- Ҷонишинҳои шахсӣ;
- Ҷонишинҳои нафсӣ;
- Ҷонишинҳои саволӣ;
- Ҷонишинҳои ишоратӣ;
- Ҷонишинҳои таъйинӣ;
- Ҷонишинҳои номуайянӣ;
- Ҷонишинҳои манфӣ;
- Ҷонишинҳои муштарак.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. — Душанбе: Дониш, 1985. — 156саҳ.
Замоири порсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Замоири шахсӣ барои аввал шахси ман ва мо ҳастанд. Замоири шахсӣ барои сеюм шахс ӯ ва эшон ҳастанд. Гоҳе ба ҷои замири сеюм шахси муфрад вай меояд. Дар забони паҳлавӣ (порсии миёна) вай барои ҳолати маъфулӣ ва ӯ барои ҳолати феълӣ ба кор мерафт[1].
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аз Википедиаи порсӣ https://fa.wikipedia.org/wiki/ضمیر