Ҷонов Назрулло
Ҷонов Назрулло - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷонов Назрулло 14 –уми июли соли 1955 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ, вилояти Бадахшони Куҳӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1973-1978 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси соҳаи барқ тамом кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ солҳои 1978- 1980 муҳандиси сайёри механиконидашудаи махсуси № 10 (СПМКС-10) трести “ Душанбеводстрой” ноҳияи Данғара кор ва фаъолият кардааст. Солҳои 1980 - 1982 устои Колонаи сайёри механиконидашудаи махсуси №10 трести “Таджикирмонтаж” ноҳияи Шаҳритус кор ва фаъолият намудааст. Cолҳои 1982-1984 сардори минтақаи сохтмонии колонаи сайёри механиконидашудаи махсуси № 48 трести Таджикирмонтажи «Главтаджикводстрой» Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби собиқ Шӯравӣ СССР фаъолият намудааст ва солҳои 1984 – 1985 сармуҳандиси колонаи сайёри механиконидашудаи махсуси №48 «Главтаджикводстрой» Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби собиқ Шӯравӣ СССР фаъолият намудааст. Солҳои 1985-1986 сардори Шуъбаи трести Таджикирмонтажи «Главтаджикводстрой» Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби собиқ Шӯравӣ СССР фаъолият намудааст. Солҳои 1986- 1996 ҷонишин ва ҷонишини якуми иттиҳодияи истеҳсолии «Водстройкомплект”-и Главтаджикводстрой» Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби собиқ Шӯравӣ СССР фаъолият намудааст. Солҳои 1996 - 2003 директори генералии иттиҳодияи истеҳсолии “ Водстройкомплект” Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоxикистон кор ва фаъолият намудааст. Солҳои 2003 - 2010 раиси ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшони Куҳӣ. Солҳои 2005-2010 узви Маҷлиси миллии маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоxикистон интихоб шудааст. Солҳои 2010- 2015 вакили даъвати чоруми Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Аз 1- ноябри соли 2017 корманди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти корӣ аз солҳои 1978- 2018 дар якчанд иншоотҳои бузурги сохтмонӣ сар шудааст. Нақби обтаъминкунии ноҳияи Данғара ки 14 км –ро ташкил мекунад садҳо ва зиёда аз 2000 гектар замин дар ноҳияи Данғара ба истифода дода шуда, якчанд 1000м2 хонаҳои истиқоматӣ маишӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Аз соли 1980 -1985 дар водии Бешкенти ноҳияи Шаҳритус кор карда дар навбати аввал 8 ҳазор ва дар навбати дуюм 4 ҳазор гектар замин ба истифода дода шуд. Якчанд насосҳои обкаши совхози Бешкент -2, колхози Карл Маркси Қабодиён пойгоҳи обкаши Курғололкум, Айвадж ва Рудакули ноҳияи Қубодиён, пойгоҳи Корадум ноҳияи Ҷайҳун, заводи оҳану бетонии “Хаваскор” ноҳияи Қубодиён садҳо хати барқӣ 0,4 кв, 10 кв 35 кв ва 110 кв сохта ба истифода дода шудааст. Стансияи барқи 1000 квт маркази ноҳияи Ванҷ ва роҳи маркази ноҳия ва якчанд зеристгоҳи барқи сохта ба истифода дода шуд. Аз он, ҷумла зеристгоҳи 110/35/10квт Бешкент, 35/10 Рудакул ва зеристгоҳи 35/10 Курғололкум ноҳияи Қубодиён, зеристгоҳи 10/35/10квт 50- солагии Тоҷикистон ноҳияи Ваҳдат, зеристгоҳи 35/6 квт ноҳияи Шаҳринав ба истифода дода шуд. Тули солҳои 2003 - 2010 дар вазифаи раиси ноҳияи Ванҷ кор кардан зиёда аз 30 мактабҳои ибтидоӣ ва миёна, хонаҳои фарҳангӣ сохта шуда, купруки Дуршер дар дарёи Ванҷ, хатҳои оби нушокии Дашти Бовид, Дашти Язғулом ва зиёда 250 гектар замин, стансияи барқии Поймазор сохта ба истифода дода шуда, стансияи барқии маркази ноҳия аз 6м ба 13м васеъ карда шуд. Сохтмони купруки роҳи мошингарди байни давлати Тоҷикистон ва Афғонистон ба истифода дода шуд. Хати баландшиддати 35 кв Хороғ – Рушон Ванҷ ва хати баландшиддати Дарвоз – Ванҷ ба истифода дода шуд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]• Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]МАЪЛУМОТНОМА ДАР БОРАИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |