Ҷон Мокли
Jump to navigation
Jump to search
Ҷон Мокли | |
---|---|
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 30 август 1907[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Тахрихи даргузашт: | 8 январ 1980[1][2][3][…] (72 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Фазои илмӣ: | физикдон |
Ҷойҳои кор: | |
Алма-матер: | |
Роҳбари илмӣ: | Gerhard Heinrich Dieke[d][4] |
Ҷоизаҳо: |
Ҷон Уилям Моучли (англ. John William Mauchly, 30 августи соли 1907, Синсиннати, Оҳайо — 8 январи соли 1980, Эмблер, Пенсилвания) — физикдон ва муҳандиси амрикоӣ, яке аз нахустин созандагони компютери электронии ENIAC (соли 1946) дар ҷаҳон.
Зиндагинома[вироиш]
Муаллими электротехника дар Донишгоҳи Пенсилвания (Институти Мура) дар Филаделфия (ИМА) кор кардааст. Якҷоя бо Ҷон Преспер Экерт аз соли 1943 то 1945 дар сохтани аввалин компютери электронии таъиноти умумидоштаи ЭНИАК барои Артиши ИМА кор карда, инчунин дар марҳилаи аввали компютери мукаммалтари EDVAC кор кардааст.
Минбаъд Мокли мансабҳои роҳбарикунандаро дар як қатор лоиҳаҳо ва ширкатҳо ба ӯҳда дошт:
- 1959—1965 — президенти Mauchly Associates Inc.
- 1965—1969 — раиси раёсати Mauchly Associates Inc.
- 1968—1980 — президенти Dynatrend Inc.
- 1970—1980 — президенти Marketrend Inc.
Ҷоизаҳо[вироиш]
- Медали Ҳовард Поттс (1949),
- Медали Ҷон Скот (1961),
- Ҷоизаи ёдгории Ҳарри Гуд (1966),
- Ҷоизаи Ҳаролд Пендер (1973),
- Ҷоизаи Эмануэл Пиор (1978).
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 Архив по истории математики Мактьютор
- ↑ 2.0 2.1 American National Biography (ингл.) — 1999.
- ↑ 3.0 3.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
Адабиёт[вироиш]
- Scott McCartney. ENIAC: The Triumphs and Tragedies of the World's First Computer. — Berkley Books, 2001. — 262 p. — ISBN 9780425176443. (англ.)