Ҷумъахон Сироҷов
Таърихи таваллуд: | 23 декабр 1953 (70 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Касб: | ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо |
Ҷоизаҳо: |
Ҷумъахон Сироҷов (Сироҷов Ҷумъахон Ғиёсович; 23 декабри 1953, деҳаи Даштиҷум, ноҳияи Шӯрообод) — ҳунарпешаи театру синамо, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1989).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фориғуттаҳсили Омӯзишгоҳи педагогии ш. Кӯлоб (1972) ва Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода (1976). Муддате ба сифати коргардони Театри халқии н. Мӯъминобод кор карда, солҳои 1979—1999 актёри Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Кӯлоб буд. Аз соли 2000 омӯзгори Коллеҷи мусиқии ба номи А. Бобоқулов шаҳри Душанбест. Дар беш аз панҷоҳ спектакл, амсоли «Мӯъҷизаи муқаррарӣ», «Писари калонӣ», «Мукофот», «Фишор», «Зани оҳанин», «Найрангҳои Скапен», «Дар чорсӯ» нақшҳои марказӣ бозида, намоишномаҳои «Чароғи маърифат», «Бе пир марав», «Аз хок баромадему бар хок шудем», «Ҳафтзарб» ва ғайраро рӯи саҳна овардааст.
Истеъдодаш дар иҷрои образҳои мазҳакавӣ баланд аст, ҳамроҳи Толибҷон Бобоев дар намоиши «Очаи Бика ва Зика» тӯли қариб бист сол бо саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва интермедияҳо зиёда аз ду ҳазор маротиба баромад намудаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.