Ҷурҷис
Зоҳир
Ҷурҷис - намояндаи машҳуртарини сулолаи Бахтишои мактаби тиббии Ганди Шопур буд.
Ҷурҷис соли 755 ба сифати мудири клиникаи мактаби тиббии Ганди Шопур ҳамроҳи шогирдонаш Айс ва Иброҳим ба назди Халифаи бемори Бағдод ал-Мансур хонда шуда, ӯро бомуваффақият муолиҷа кардаанд. Ҷурҷис бо илтимоси халифа чор сол дар Бағдод монда, таҷрибаю дониши худро ба духтурони маҳаллӣ омӯзонд ва аз забони юнонӣ чанд асари тиббиро ба забони арабй тарҷима карда, рисолаи тиббии «Ал-Қиннаш»-ро таълиф кард. Писари Ҷурҷис Бахтишои II (соли 801 вафот кардааст) табиби асосии халифаи Бағдод ал-Рашид буд, ки вай саломатии худро ба ин табиб пурра бовар мекард ва ӯро таҳтй васояту парастории худ гирифта буд.[1]
Манбаъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Нуралиев Ю. Тибби замони Абӯалӣ ибни Сино. - Душанбе, 1981